Александр Ҳайзер Тарғибгари адабиёти тоҷик дар Олмон

Андешаи нигориши ин мақола замоне дар ман эҷод гардид, ки ба таълифоти муҳаққиқ ва донишманди олмонӣ Александр Ҳайзер аз наздик бештар ошноӣ пайдо намудам.

 Қаблан тариқи устодони солманди Донишгоҳи  давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров шунида будам, ки Александр Ҳайзер солҳои тӯлонӣ дар ин муассисаи бонуфузи илмӣ дар мақоми муаллим, дотсент ва мудири кафедраи адабиёти рус ва хориҷӣ фаъолият бурдааст. Аммо бо амри тақдир соли 1996 Тоҷикистонро тарк намудаву аз он айём то кунун дар шаҳри Берлини Олмон ба сар мебарад. Вале аз ҳар навиштаву аз ҳар сатри мақолоташ эҳсос мешавад, ки чӣ муҳаббати бузурге ба Тоҷикистон дорад ва ин Ватан, ин сарзаминро, ки ба қавле хуни нофаш он ҷо рехтаву замоне бо мардуми он нону намак хӯрдааст, ҳамоно шояд зиёдатар аз бархе фарзандони аслии хеш дӯст медорад.

Дар фосилаи наздик ба ҳаждаҳ соле, ки устод дар шаҳри Берлини Олмон ба сар мебарад, зиёда аз 250 мақола дар заминаи тоҷикшиносӣ ва тоҷикистоншиносӣ ба қалам оварда, тавассути матбуоти русиву олмонии ин кишвар ва берун аз он мунташир сохтааст. Аз муҳимтарин нигоштаҳои устод таҳқиқи сарнавишти вожаи тоҷик ва аносири фарҳанги миллии мо дар пажӯҳишоти донишманди аврупост, ки мақола ҳанӯз аввалин маротиба тавассути маҷаллаи «Помир» дар соли 1991 интишор ёфта буд. Мақолаи мазкур унвони «Чӣ тавр кишвари тоҷикон фатҳ шуд?»- ро дошта, дар он муҳимтарин хотирот ва навиштаҳои сайёҳони аврупоӣ зимни сафарашон ба сарзамини аҷдодии мо шарҳу тафсир ёфтаанд, ки аз ҷумлаи онҳо Марко Пола, Рубруквис, Ёҳан Шилпбергер, Гонсалес де Клавихо ва амсоли инҳо мебошанд.

         Як нуктаи хеле муҳим, ки аз мутолиаи ин мақола равшан мегардад, он аст, ки ба таъкиди Гейзер Руи Консалес де Клавихо ҳанӯз дар асри понздаҳ ҳангоми сафари хеш ба Самарқанд ин роҳро аз тариқи Бадахшони кунунӣ тай мекунад ва ӯ аз нахустин нафаронест, ки вожаи тоҷикияро дар нисбати тоҷикони ин сарзамин истифода намудааст. Ба андешаи Гейзер тарҷумаи тоҷикии гунаи «Таджикиния» «Таjiqunja» наздиктар ба ҳамин вожаи Тоҷикистони кунунии мост.

Китоби «Тоҷи тиллоӣ»-и ин олими номвар ба масъалаи ҷойгоҳи адабиёт ва фарҳанги тоҷикон аз диди пажӯҳишгарони урупо  ихтисос ёфтааст. Тавре ховаршиноси номвари олмонӣ Манфред Лоренс дар пешгуфтори китоби мазкур таъкид мекунад, «Александр Ҳайзер бо нигориши маҷмӯи ин мақолаҳо бо таври эътимодбахш собит намудааст, ки асосҳои шукуфоии ин зуҳуроти адабӣ (яъне, пайвандҳои адабии Шарқу Ғарб — Н. Н.) на дар асрҳои охир, балки ҳанӯз дар қуруни вусто ва мушаххасан асрҳои ҳафтдаҳ — ҳаждаҳ аллакай шакл гирифта буданд. Дар маҷмӯъ, дар китоби «Тоҷи тиллоӣ» Александр Гейзер маводи фаровон ва ҷолиберо манзур намудааст, ки аз рӯи он метавон ба саҳми ӯ дар омӯзиш ташаккул ва таҳкими пайвандҳои фарҳангии Шарқу  Ғарб баҳогузорӣ намуд».

 Агар ба саҳми Александр Ҳайзер дар тоҷикшиносӣ бар асоси китоби ӯ «Тоҷи тиллоӣ» баҳогузорӣ намоем, он ҷо чанд матлаби хеле муҳим муҷассам мегардад, ки воқеан ба хадамоти фарҳангии ин донишманди соҳибназар дар раванди таҳқиқи пайвандҳои адабии Шарқу Ғарб, бахусус адибони тоҷик дар қораи Урупо таъкид мекунанд. Нахуст, матлаби ҷолибе, ки барои мо далоили ғариберо роҷеъ ба мақоми хонаводаи Сомониён дар андешаҳои аҳли назари Аврупо манзур мекунад, аз пажӯҳиши муҳаққиқонаи устод зери унвон «Саҳифае роҷеъ ба Сомониён дар «Девони Шарқӣ- Ғарбӣ»-и Ҳуте мебошад. Дар заминаи таҳқиқи сарнавишти таърихии Сомониён ва мақоми шомихи онон дар рушди фарҳанги миллии тоҷикон устод Александр Ҳайзер бар асоси далоили номардуд собит мекунад, ки қабл аз Ҳуте дар сарчашмаҳои муътамади аврупоӣ, хоса пажӯҳиши гаронмояи ховаршиноси фаронсавӣ  Д, Эрбло зери унвони «Китобхонаи Шарқӣ» (1697) ва нигоштаҳои дигар аз шарқшиносони номвари олмонӣ  Фридрих Вилкен иттилооти фаровон ва муфиде роҷеъ ба хонаводаи фарҳангсолори миллии мо рафтааст, ки ҷои тардид дар истифодаи Ҳуте аз ин матолиб намебошад.

Ҳамзамон, бахши муҳими пажӯҳишоти анҷомдодаи ин донишманди соҳибном дар заминаи тарҷума ва таҳқиқи суханварони форсу тоҷик, бахусус шоироне, ки аз ҳавзаи Фарорудон бархостаанд, маҳсуб меёбанд. Муҳимтарин таҳқиқоти эшон дар ин замина роҷеъ ба тарҷумаҳои ашъори устод Рӯдакӣ ва таҳқиқоти донишмандони урупоӣ дар бораи устоди шоирон маҳсуб меёбад, ки дар рӯдакишиносии ҷаҳонӣ аз аҳамияти вижаи илмӣ бархӯрдор мебошанд. Хоса, мақолаи «Сарнавишти адабии устод Рӯдакӣ дар Олмон» бисёр ҷолиб ба қалам омада, шиносномаи зебои устоди шоирон дар сарзамини Ҳуте маҳсуб меёбад, ки мутолиаи он баробари фузудани донистаниҳои мо ифтихор ва ҳувияти миллиамонро аз ҳузури чунин соҳибназароне, мисли устод Рӯдакӣ, дар фарҳанги ҷаҳон бо чунин шаҳомати ҳунарӣ ва адабӣ боз ҳам боло хоҳад бурд.

Ҳамин гуна, ба тарҷумаҳои осори Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигар суханварони мумтоз пардохтааст, ки аз баррасиҳои муҳими илмии тоза бархӯрдоранд. Воқеан, то кунун роҷеъ ба тарҷумаи осори Камоли Хуҷандӣ дар Ӯрупо билкул метавон гуфт, ки нигошта ё таҳқиқоте анҷом наёфта буд ва метавон изҳор дошт, ки мақолаи устод зери унвони «Ташнагонро муждае аз мо бубар…» (Камоли Хуҷандӣ дар Аврупо) аз нахустин корномаҳои илмии дар арса ба қаламомада ба шумор меравад.

Дар бахши муҳими таҳқиқоти марбут ба тоҷикшиносии устод Ҳайзер муаррифии хадамоти ховаршиносони Аврупо қарор гирифтааст, ки бевосита барои рушди тоҷикшиносии ҷаҳонӣ нақши муассир гузоштаанд. Яке аз чунин афроди номвар Манфред Лоренс мебошад, ки ҳамчун ховаршиноси олмонӣ ва хатмкунандаи бахши шарқшиносии донишгоҳ Гумболд дарвоқеъ барои омӯзиши забон ва адабиёти тоҷик хидматҳои шоистае ба анҷом расонидааст. Мақолаи донишмандонаи устод Ҳайзер зери унвони «Шарқшинос Манфред Лоренс ва тоҷикон» ин хадамоти бузурги фарҳангӣ ва адабии ин донишмандро дар заминаи тоҷикшиносӣ бо беҳтарин ваҷҳ тафсир мекунад. Бар асоси мутолиаи ин мақолаи устод Ҳайзер метавонем бо он нукот ошно бишавем, ки ховаршинос Манфред Лоренс дар заминаи барқарор намудани равобити дӯстӣ бо суханварони маъруфи тоҷик Сотим Улуғзода, Раҳим Ҷалил, Боқӣ Раҳимзода ва дигарон тавонистааст, ки чандин таҳқиқоти пурбори илмӣ дар мавриди эҷодиёти ин суханварон ва фазилатҳои забони тоҷикӣ дар осори эшон ба қалам оварад. Хоса, нигоштаҳои фаровони Манфред Лоренс дар китоби «Қомуси нависандагони хориҷӣ» роҷеъ ба рӯзгору осори адибони тоҷик дар муаррифии мақоми адабиёти кишвари мо дар сарзамини аҷдодии ӯ нақши муассир гузоштаанд.

Фаротар аз ин, моҳи сентябри соли 2001 дар арафаи таҷлили 10 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Александр Ҳайзер ва чанде аз тоҷикшиносони ин кишвар дар Олмон Анҷумани дӯстии тоҷикистону Олмон таъсис ёфт, ки то кунун раёсати онро устод Александр Ҳайзер бар дӯш доранд ва барои таҳкими равобити илмиву адабии олимони ҳар ду кишвар маҳз бо эҳтимоми ин марди воқеан дӯстдори тоҷикону Тоҷикистон корҳои шоистае ба сомон расида истодаанд. Тавассути талош ва пайкорҳои Александр Ҳайзер теъдоди зиёди олимони тоҷик бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда дар барномаҳои омӯзишӣ ва илмии ин кишвар ширкат варзида, барои  пешрафти пажӯҳишоти хеш файзҳое бардоштаанд. Бо эҳтимоми ин донишманди соҳибном имрӯз барои омӯзиши нусхаҳои хаттии осори суханварони форсу тоҷик, ки дар китобхонаҳои Олмон маҳфузанд, корҳои назаррасе анҷом мешавад ва минбаъд низ як бахши муҳими ҳамкориҳои Анҷумани дӯстии Олмону Тоҷикистон дар ҳамин росто идома хоҳад ёфт.  Ҳамзамон, барои шаклгирии Гимназияи ба номи Ҳуте дар шаҳри Хуҷанд ва анҷоми сафарҳои омӯзишии толибилмони ин мактаб маҳз иқдомҳои наҷибе аз ҷониби Раёсати ин анҷуман аз сар гирифта шуданд ва метавон гуфт, ки имрӯз яке аз шарикони қобили эътимоди ин мактаб маҳз Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Олмон маҳсуб меёбад.

Саҳм ва хадамоти илмии Александр Ҳайзер дар таблиғи фарҳанги миллии тоҷикон воқеан мондагор ва сутуданист. Пайваста бо мутолиаву омӯзиш ва таҳқиқи ҷанбаҳои муҳими ҷойгоҳи адабиёти форсу тоҷик дар Аврупо нигоштаҳои тозаеро дар маҷмӯа ва маҷаллаҳои Олмону Русия ва ҳамзамон Тоҷикистон ба нашр мерасонад. Қобили таъкид аст, ки бо назардошти чунин заҳматҳои настуҳи ин донишманди соҳибназар соли 2014 барояш унвони ифтихории «Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд»-ро сазовор донистанд ва барҳақ чун фарзанди шоистаи ин сарзамини офтобӣ имрӯз барои адабиёт ва фарҳанги тоҷикон дар хидмат ҳаст. Чанд сол қабл иттифоқи зебои афтод, ки устод Алексадр Ҳайзер боз ба зодгоҳи худ шаҳри Хуҷанд меҳмон шуд ва дар ин сафар бо эшон суҳбати тӯлонӣ доштам. Он ҳама нукоте, ки марбут ба ҳадафҳои ояндаи устод дар ростои пажӯҳиши сарнавишти тоҷик ва тоҷикон дар сарзамини Урупо қаблан изҳор шуд, маҳз дар ҳамин суҳбат садо доданд. Ҳамин дилбастагӣ ва муҳаббати бузурги эшон  ва ниятҳои неки ин донишманди соҳибном ва маҳбуби миллати азизи мо бароям ангезае эҷод намуд, то бахше аз мақолоти ҳамин маҷмӯа ва нигоштаҳои ҷудогонаи устодро бо забони тоҷикӣ барои донишҷӯёни худ тарҷума намоям.  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд низ аз ин корномаҳои устод Александ Ҳайзер дар амри таҳқиқи сарнавишти миллати тоҷик ва адибони тоҷик ва таблиғи мероси ғаноманди мо дар қораи Аврупо тақдир намуда, соли 2016 ӯро сазовори Ҷоизаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров донистанд.

Маҷмӯи ин дастгириву ғамхориҳои нисбат ба ин фарди тоҷикдӯст ва тоҷикшинос анҷомдода ӯро бар он ҳидоят намудаанд, ки ҳоло барои нашри муҷаллади дувуми китоби «Тоҷи тиллоӣ»  омодагӣ бигирад. Боварии комил дорем, ки бо нашри он мо шоҳиди тозатарин дастовардҳои фарҳангшиносии  ҷаҳонӣ дар арсаи шинохти мақоми шомихи миллати мо дар тамаддуни башарӣ ва маҷмӯан тоҷикшиносии муосир  хоҳем гардид.

Нуралӣ Нурзод,

номзади илмҳои филологӣ, дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *