«Сайри муҳаббат» — аввалин маротиба дар таърихи радиошунавоӣ Тоҷикистон

Санаи 14 сентябр дар шаҳри Душанбе, аввалин маротиба дар таърихи радиошунавоӣ Тоҷикистон лоиҳаи деринтизор “Сайри Муҳаббат” баргузор гардид.

Студияи ҳақиқӣ дар дохили микроавтобус ҷой гирифт ва ровиёни лоиҳа Мубориз Усмонов, Анна – Виктория Косицина, Парвина Беназирова ва Фаридун Хайруллозода гирди шаҳр давр зада дар маконҳои серодам ва маъмулӣ қарор гирифтанд.
Лоиҳаи мазкур ба 27 солгарди Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ буд. Он аз ҷониби Лав Радиои Тоҷикистон ва ширкати алоқаи мобилӣ МегаФон Тоҷикистон амалӣ гардонида шуд. Дар рафти лоиҳа зиёда 60 нафар соҳиби туҳфаҳои арзишманд ва хотиравӣ шуданд. Танҳо бо берун кардани лифофа шунаванда-иштирокчӣ имконият дошт роҳхатро ба Анталя ба меҳмонхонаи 5 ситорадор аз ширкати сайёҳии “Сараби Трейвел”, Смартфонҳои Хуавей Мобайл, Рақамҳои қиммати МегаФон Тоҷикистон, тӯҳфаҳоро аз мағозаи Либосҳои Адидас, Пергэли Тоҷикистон, 55 Спирит Фитнес, 55 АКВА, Coca Cola Tajikistan бурд намоянд.
Рафти баргузоршавӣ лоиҳа аз ҷониби наворбардорону суратгирони ҳамкори эҷодии лоиҳа “Ҳаматарафа” сабт шуд ва он рӯзҳои наздик дар саҳифаҳои расмӣ пайдо мешавад.
Лав Радио – барои баргузор намудани лоиҳа ба кулли ҳамкорон ва сарпарастон изҳори миннатдорӣ менамояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *