Артиши Ӯзбекистон ба Тоҷикистон омад

Дар машқгоҳи Чорухдайрон ва маркази таълимии “Нурафшон” дар вилояти Суғд аз 18 то 22 сентябри соли равон тамринҳои низомии муштараки сарбозон ва афсарони қисмҳои низомии гарнизони вилояти Суғди Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва воҳидҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ӯзбекистон баргузор мешаванд.

Бори аввал аст.ки  воҳидҳои Вазоратҳои мудофиаи ҳарду кишвар дар таърихи муносибатҳои дуҷониба якҷоя машқ мекунанд.

Дар тамринҳо масъалаҳои амали муштараки воҳидҳои артиши Тоҷикистону Ӯзбекистон дар самти мубориза бо гурӯҳҳои ҷиноятпешаи терроризми байнулмилалӣ мавриди омӯзиш ва дар амал иҷро карда мешаванд, хабар додаанд расонаҳо.

Мувофиқи гуфти хабаррасонии “Азия плюс”,  имрӯз воҳидҳои низомӣ, техника ва силоҳу муҳимоти Ӯзбекистон ба машқгоҳ дар вилояти Суғд оварда шуданд.

Дар тамринҳо наздики 100 нафар сарбозону афсарони артиши Ӯзбекистон бо силоҳу муҳимот ва техникаи худ ва беш аз 500 нафар сарбозону афсарони артиши Тоҷикистон бо силоҳу муҳимот ва техникаи ҳарбии худ иштирок мекунанд.

Баъди анҷоми тамринҳо иштирокчиёни фаъоли он аз ҷониби Вазоратҳои мудофиаи ҳарду кишвар бо ифтихорномаҳову туҳфаҳо қадронӣ карда мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *