Се чеҳраи саршиноси тоҷик узви Фарҳангистони забону адаби форсии Эрон шуданд (аудио)
Донишманди саршинос Абдунабӣ Сатторзода, шоири маъруф Гулрухсор ва донишманду шоири тоҷик Рустам Ваҳҳобзода ба узвияти Фарҳангистони забон ва адаби форсии Эрон пазируфта шуданд.
Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ яке аз бонуфузтарин марказҳои илмии таҳқиқ ва тарғиби забону адаби форсӣ дар ҷаҳон буда, мақоми Академияи улумро дорад ва узвияти он баробар ба унвони академикӣ аст.
Мадорики узвиятро ба Абдунабӣ Сатторзода, Гулрухсор ва Рустам Ваҳҳобзода Сафири кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собирӣ дар ҳамоише бахшида ба рӯзи бузургдошти шеъру адаби форсӣ, ки имрӯз дар Сафорати ҶИЭ дар Душанбе бургузор шуд, эъто кард.
Раёсати Фарҳангистони забону адаби форсӣ барои “хизмати бисёрсола дар таҳқиқ ва тарғиби забону адаби форсӣ” ин се шахсияти саршиноси илму адаби Тоҷикистонро ба узвият пазируфтааст. Мадорики эшон бо имзои Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил, раиси Фарҳангистони забону адаби форсии Ҷумҳурии исломии Эрон аз Теҳрон ба Душанбе расидааст.
Қаблан, аз Тоҷикистон Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ, Абдуқодир Маниёзов ва Сафар Абдулло узви ин Фарҳангистон буданд.
Сафири ҶИЭ Муҳаммадтақӣ Собирӣ пазируфта шудани донишмандони тоҷикро ба узвияти Фарҳангистони забону адаби форсӣ дар таҳкими ҳамкориҳои илмиву адабии ду кишвар фоли нек арзёбӣ кард.
Мавриди зикр аст, ки Шоирони халқии Тоҷикистон Гулрухсор ва Рустам Ваҳҳобзода дар баробари шеър гуфтан, ба таҳқиқи адабиёт низ машғуланд. Таҳқиқоти Гулрухсор перомуни рубоиёти асили Умари Хайём дар адабиётшиносии тоҷик ба ҳайси пажӯҳиши муҳими илмӣ эътироф шудааст. Рустам Ваҳҳобзода бошад, номзади илми филология, устоди донишгоҳ ва муаллифи чандин китоби илмӣ аст. Профессор Абдунабӣ Сатторзода олими номвари тоҷик буда, ӯро ба ҳайси яке аз сутунҳои адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ мешиносанд. Сатторзода наздики 60 сол аст, ки ба таҳқиқи адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик машғул буда, муаллифи рисолаҳои бунёдӣ аст. Бо вуҷуди ин, ӯ узви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нест.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ