толеънома

Толеъномаи 20-уми сентябри соли 2022

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз ба рафти ҳодисаҳо нигоҳ карда амал намоед. Рӯзи аз ҷиҳати равонӣ ноором бошад ҳам, тағийроти ҷиддӣ рух намедиҳад. Диққати худро ба кори заҳматталаб ва робитаҳои корӣ равона созед. Саломатиятон аз тарзи хӯрокхӯриятон сахт вобастагӣ дорад.

Савр (21 апрел-22 май)

Дар ин рӯз муносибати атрофиён бо шумо нохуб гардад ҳам, худро ба даст гирифта, ба муноқиша роҳ надиҳед. Кӯшиш намоед, ки рӯзатон хушу табъатон болида бошад. Аз ҳамин сабаб, аз робита бо нафароне, ки муҷиби табъи нохушатон мегарданд, худдорӣ намоед.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Дар ин рӯз ташвишатон зиёд гашта, аз уҳдаи ҳамаи кор ба хубӣ мебароед. Кӯшиш намоед, ки дар ҳама кор масъулиятро эҳсос намоед, он гоҳ коратон бобарор ва обрӯятон дучанд мегардад. Рӯзҳои наздик шуморо мулоқоти нави ошиқона интизор аст. Сафаратон хотирмон мегузарад.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз кори наверо оғоз накунед, беҳтараш корҳои нотамомро ба анҷом расонед. Аз рӯйи имкон ба касе чизеро ваъда надиҳед, уҳдадориҳои вазнинро низ ба дӯш нагиред ва ба ваъдаҳои атрофиён низ бовар накунед. Умуман рӯзи ором ва бе ягон ташвишу ҳодисаи ногаҳонӣ мегузарад.

Асад (23 июл-23 август)

Дар ҷойи кор тағйироти ҷиддӣ рух намедиҳад. Ҳар қадаре дар ин рӯз вохӯриву робитаатон зиёд шавад, ҳамон андоза коратон барор мегирад, зеро дӯстону шиносҳоятон ҳатман дасти кумаки худро дареғ намедоранд. Дарди дили худро ба ҳама нишон надиҳед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Айни замон сифатҳои кориятон ба шумо мадад мерасонанд. Аз пешниҳодҳои нафарони беинтизом ва онҳое, ки хуб намешиносед, худдорӣ намоед. Ба эҳсосоти манфӣ дода нашавед. Ҳар гаперо, ки дар сари қаҳр мегӯед, бар зидди худатон истифода мебаранд.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Давраи хеле фаъолнокии шумо фаро мерасад. Аксари орзуву ниятҳоятон ҷомаи амал пӯшида, дилатон ба зиндагӣ гарму хоҳиши заҳмат кашиданатон зиёд мегардад. Хусусан мизонҳои ошиқ муваффақ мегарданд, вале ба нафароне, ки нияти оиладоршавӣ доранд, саросема шуданро тавсия намедиҳем.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз ба кумаку дастгирӣ ниёз пайдо мекунед. Маҳз дӯстон, шиносон ва наздикон ба дастгирии шумо мешитобанд. Душвориҳои ҷиддӣ имкон надоранд, баъзе чизҳои майда-чӯйда боиси ташвиш кашиданатон мегарданд. Аз муноқиша бо шахси дӯстдоштаатон худдорӣ намоед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз корҳои нотамоми худро ба анҷом расонида метавонед. Ба корҳои нав машғул шавед, вале хеле боэҳтиётона. Беҳтараш ба садои қалби худ гӯш андозед, пешакӣ нақша накашед. Ба нафаре, ки аз шумо кумак мепурсад, рад накунед, ҳатман подоши некиҳоятонро мебинед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз корҳоеро ба нақша гиред, ки иҷро карданашон шарт ва муҳим бошад. Агар танбалӣ накунед, натиҷаҳои хубро ноил мегардед. Барои нафароне, ки истироҳат кардан мехоҳанд, рӯзи мусоид аст. Саломатии худро танҳо ба мутахссисони ботаҷриба бовар кунед.

Далв (21 январ-20 феврал)

Аз ҷорӣ намудани тағйирот дар тамоми ҷодаҳои фаъолият худдорӣ намоед, вагарна дучори монеаҳо мегардед. Дар ин рӯз ба кумаки дӯстони дерин умед баста, бурд мекунед. Аз ин рӯ, аз вохӯрӣ ва суҳбат бо дӯстони дерин дурӣ наҷӯед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Агар шумо ҳанӯз ҳам муҷаррад бошед, имкони пайдо намудани ҳамсафари ҳаётиро пайдо мекунед. Аз ин рӯ, дар назди телевизор ё кунҷи хона нишастанро бас кунеду бештар ба сайругашт бароед. Вохӯрии тақдирсоз шуморо интизор аст, бахти худро аз даст надиҳед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *