Се хатсайри дигар байни Ӯзбекистону Тоҷикистон
Ӯзбекистону Тоҷикистон дар се масири нав — «Термиз — Душанбе», «Денау — Душанбе» ва «Самарқанд — Панҷакент» ҳаракати автобусҳоро ба роҳ монданд.
Дарози масири «Термиз — Душанбе» 251 километр буда, нархи роҳкиро аз Термиз то Душанбе 70 ҳазор сӯм (ҳудуди 9 доллар) муайян шудааст.
Масири Денау — Душанбе каме кутоҳтар — 107 километр аст. Нархи роҳкиро 40 ҳазор сӯмро ташкил медиҳад. Дарозии умумии масири «Самарқанд — Панҷакент» 64 километр ва роҳкиро аз самти Ӯзбекистон 20 ҳазор сӯм аст.
Ӯзбекистону Тоҷикистон бори нахуст 15 майи соли равон ҳаракати автобусҳоро дар масири «Тошканд — Хуҷанд» ба роҳ монда буданд. Автобусҳо ба воситаи гузаргоҳҳои марзии «Ойбек»-и Ӯзбекистон ва «Фотеҳобод»-и Тоҷикистон мегузаранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ