Сементи Суғд: истеҳсол ду баробар зиёд шуд
Истеҳсоли семент дар вилояти Суғд 2 баробар афзудааст. Дар ин бора зимни кушодашавии Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки 17-18 октябр дар қасри варзиши шаҳри Хуҷанд доир гардид, раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода итилоъ дод. Дар ин намоишгоҳ беш аз 60 ташкилотҳои истеҳсоливу лоиҳакашӣ ва меъморию сохтмон дастовард ва маҳсулоти худро пешкаши бинандагон карданд.
Дар намоишгоҳи мазкур, ки Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ширкат доштанд, ки оид ба дастовардҳои соҳаи меъморию шаҳрсозӣ сухан намуданд. Раҷаббой Аҳмадзода дар баромади худ ӯ гуфт, ки дар вилоят истеҳсоли масолеҳи сохтмонии воридотивазкунанда рӯ ба рушд дорад, аз ҷумла дар 9 моҳи соли ҷорӣ истеҳсоли семент дар вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 баробар афзудааст.
Ҷамшед Аҳмадзода иброз дошт, ки дар ҳама давру замон мавқеи сохтмончӣ дар ҷамъият басо муҳим мебошад. Дар самти омода намудани насли ҷавон дар ин самт бояд таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардад.
Сангҳои ороишӣ
Дар як гӯшаи намоишгоҳ аз сангҳо сохтану ба маърази тамошо гузоштани садҳо намуд маҳсулоти диққатҷалбкунанда ба чашм мерасид. Соҳибкорону сохтмончиён барои боз ҳам бозоргиру рақобатпазир шудани маҳсулоти аз санг истеҳсолшавандаашон таҷҳизоти муосирро ворид ва мавриди истифода қарор додаанд. Аз ҷумла, дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Бӯстон ҶДММ «Зиннат» ва ҶДММ «Хорои Хуҷанд» дар заминаи конҳои мармари «Агаҷол», конгломерати рангаи «Текалӣ», гранодиорити «Муғул-Тоу» аз Чин таҷҳизоти муосир ворид намуда, мувофиқ ба талаботи мизоҷон масолеҳи гуногун истеҳсол карда истодаанд. ҶДММ «Ҷобири Собир» дастгоҳҳои ҳозиразамонро харидорӣ намуда, ният дорад, ки онро дар ноҳияи Ғончӣ насб намояд ва бо истифода аз конҳои оҳаксанги мармаршудаи «Далёни Боло» ва «Навобод» истеҳсоли сангҳои ороиширо ба роҳ монад. ҶДММ «Сангҳои ороишӣ» ба ин иқдом пайравӣ намуда, дар ноҳияи Шаҳристон истихроҷи оҳаксангро аз кони мармаршудаи «Кенкулсой» оғоз намуд.
Раисон вазифадор шуданд
Дар намоишгоҳ кишоварзони вилоят низ ширкат доштанд, ки оид ба пешравию дастовардҳо маълумот доданд. Кишоварзони вилоят ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 5 миллиарду 594,5 миллион сомонӣ расониданд, ки баробари 106,6 фоизи ҳамин давраи соли гузашта мебошад.
Мавриди зикр аст, ки дар вилоят бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бунёду сохтмони беш аз 6 ҳазор иншоот ба нақша гирифта шудааст.
Фарзона Муродӣ,
“Тоҷикистон”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ