“Спитаментбонк” сарфаи пулро меомӯзад

“Ҳафтаи байналмилалии пасандоз” таҳти чунин ном  24 октябри соли равон дар яке аз филиалҳои  «Спитаменбонк» дар шаҳри Душанбе   Рӯзи дарҳои кушод баргузор гардид. Мутахассисони бонк ба сокинони пойтахт доир ба фаъолияти бонкӣ ва алалхусус фоидаи пасандоз маълумот доданд.

Аваз Ибодов, намояндаи Фонди хазинаҳои амонатгузорӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалии Олмон дар Тоҷикистон иброз дошт, ки мақсад такмил додани маърифати молиявии аҳолӣ ва наздик намудани онҳо  ба бонкҳо мебошад. “Аввалин маротиба ин гуна чорабинӣ  соли 2016 дар  ду бонки Тоҷикистон гузаронида шуда буд. Дар солҳои 2017 — 2018 бошад, 4 бонки тиҷоратии Тоҷикистон ҳамин гуна дарҳои бозро барои мизоҷон қайд карданд. Мақсади асосии чунин чорабиниҳо, маблағи “хоб”-будаи дасти аҳолиро  ҷамъ ва  мақсаднок барои пешрафти иқтисодиёти кишвар истифода бурдан аст”, — иброз дошт номбурда.

 Зулайхо, иштирокчии “Ҳафтаи байналмилалии пасандоз”  зимни суҳбат зикр намуд, ки ҳеҷ вақт аз хизматрасониҳои бонкӣ истифода накардааст, аммо ӯ гуфт:“Ман зарурати истифодаи бонкро намедонистам. Имрӯз кормандони “Спитаменбонк” роҳҳои дурусти сарфаи пулро нишон доданд. Акнун ният дорам тамоми маблағҳоямро дар  бонк гузорам, ҳатто нафақаамро. Пас аз ин тамоми пардохтҳоро ба тариқи бонк амалӣ менамоям”.

“Ҳафтаи байналмилалии пасандоз” ҳамасола дар нимаи дувуми моҳи октябр, аз 1-уми октябри соли 1924 инҷониб, дар саросари олам ҷашн гирифта мешавад. Дар Тоҷикистон шурӯъ аз соли 2016 чунин чорабиниҳои баргузор мегарданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *