Падари Сёмин: 150 ҳазор доллар медиҳем, аз баҳри даъво гузар

Додгоҳи Серпухов рӯзи 22 октябр муҳлати ҳабси Александр Сёмин – нафари муттаҳам дар қатли духтари панҷсолаи тоҷик Ҳувайдо Тиллозодаро боз ду моҳи дигар тамдид кард.

Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо мегӯяд, хешовандони пурнуфузи Сёмин ба ӯ 10 миллион рубл ( тақрибан 150 ҳазор доллар) товон пешниҳод карда, дар иваз хостаанд, ки барои духтараш даъво накунад. Вале Абдусалом дар суҳбат бо сомонаи «Ахбор” гуфт, аз ин товон даст кашидааст ва то қотили духтарашро ҳукми умрбод надиҳанд, ором нахоҳад шуд.

Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдулло Тиллозода, духтари ғӯррамарги тоҷик, ки се моҳ пеш ба як сурати ваҳшиёна дар шаҳри Серпухови вилояти Маскав кушта шуд, рӯзи 23 октябр дар сӯҳбат бо сомонаи «Ахбор” хабар дод, ки бо вуҷуди талошҳои хешовандони Александр Сёмин, додгоҳ ин нафари муттаҳам дар қатли духтари ӯро дар пушти панҷара боқӣ гузошт.

Абдусалом Саидов мегӯяд: «Ҳафтаи гузашта дар додгоҳ натиҷаи ташхиси табибони равоншиносро нишон доданд, ки Сёмин ягон мушкили равонӣ надорад. Вале адвокатҳо ва хешовандони ӯ ду пойро дар як мӯза андохтаанд, ки гӯё ӯ бемории рӯҳӣ дорад ва бояд на ба зиндон, балки барои табобат фиристода шавад. Бо чунин ваҷҳ, ки Сёмин гӯё бемор асту масъули рафтораш набуд, мехоҳанд вайро аз ҷавобгарӣ халос кунанд. Вақте ман эътироз кардам, ба зидди ман ҳатто расман шикоят навиштанд, ки гӯё ман онҳоро таҳдид карда бошам.”

Додгоҳ бо вуҷуди исрори вакилони Сёмин ҷуръат накард, ки ӯро барои ташхиси дубора бифиристад ва муҳлати ҳабсашро ду моҳи дигар тамдид кард. Мурофиаи навбатии ин парвандаи пурсарусадо рӯзи 22 декабр доир хоҳад шуд.

Абдусалом Саидов мегӯяд, ки ӯ таҳти фишори сахте аз ҷониби хешовандони қотили духтараш қарор гирифтааст: «Омаданд, ба зӯр ба гардани ман бор карданӣ шуданд, ки 10 миллион рубл товонро бигиру дигар барои духтарат даъво накун. Вале ман гуфтам, ки даркор шавад, ин 10 миллионро бачаҳои тоҷик ҷамъ мекунанд барои ман, вале то даме ки қотили духтарамро ҳукми умрбод надиҳанд, ман аз даъвоям намегузарам. То додгоҳи Аврупо меравам, то ки ба тантанаи адолат ва ҳукми сазовор нисбат ба ин қотили ваҳшӣ ноил шавам.”

Абдусалом Саидов мегӯяд, аз ҷониби хешовандони Сёмин бахусус як холааш, ки дар шаҳри Маскав роҳбари як коллегияи адвокатҳо будааст ва болои адвокатҳои шаҳру вилояти Маскав нуфузу таъсири зиёд дорад, хеле фаъолона аз ин қотил ҳимоят мекунад: «Мо як адвокат гирифтем аввал, ӯро зуд хариданд. Адвокати дуюм ҳам баъди чанде ба лаб муҳри хомӯшӣ зад, маълум шуд, ки ӯро ҳам бо кадом ваъдаи пул ба тарафи худ гардондаанд. Дар мурофиаи рӯзи 22 октябр намояндагони сафорати Тоҷикистон ширкат доштанд ва аҳволро ба чашми худ диданд. Ҳоло онҳо ваъда доданд, ки ягон адвокатро худашон киро мекунанд, то ки қотили духтари ман ба ҷазои сазовор расонда шавад. Ҳар қадар ба ман фишор биоранд, ман аз роҳам намегардам ва тамоми корро мекунам, ки ин қотил умрбод дар кунҷи зиндон бишинад.”

Ҳувайдо Тиллозода, зодаи шаҳри Кӯлоби Тоҷикистон дар кӯчаи Тяговаяи шаҳри Серпухов ҳамроҳ бо падару модар ва ду хоҳару додараш зиндагӣ мекард.

Нимаи дуюми рӯзи 22 июл, вақте ӯ дар рӯи ҳавлӣ бозӣ дошт, марди бегонае ӯро бо ваъдаи харидани яхмосу бозича фиреб дода, бо худ бурд.

Ҷасади Ҳувайдоро баъди як рӯз аз даруни як сумкаи калон дар чуқурие дар канори роҳи оҳани Серпухов пайдо карданд. Қотил қабл аз куштани кӯдак ба ӯ дастдарозӣ ҳам кардааст.

Худи ҳамон бегоҳи 23 июл сокинони кӯчаи Тяговая Александр Сёминро дар ҳавлӣ дида, ба корманди пулис нишон доданд, ки қотил фақат ҳамин буда метавонад.

Дар натиҷаи кофтуков бо саги бӯгир аз хонаи Сёмин, ки дар ҳамсоягии оилаи Тиллозода мезист, либосҳои дар об тар кардаи Ҳувайдои ғӯррамарг ва як кафшу як лӯхтакашро пайдо карданд. Тафтиши камераҳои назоратии шаҳр нишон дод, ки Сёмин бо сумкае, ки дар дарунаш ҷасади кӯдак буд, дар дурбини дастикам як камера ҳам афтодааст.

Александр Сёмин 27 сол дошта, модари ӯ як омӯзгори машҳур дар Серпухов ва падараш корманди баландпояи ҳукумати ин шаҳр будааст. Сёмин 10 сол пеш ҳатто як муддат дар пулиси Серпухов кор кардааст, вале баъди итмоми давраи санҷишӣ вайро қабул накардаанд.

Дар ҷараёни тафтиши парвандаи қатли Ҳувайдо маълум шуд, ки ин духтари маъсуми тоҷик ягона тӯъмаи Александр Сёмин, гумонбари асосӣ дар қатли ин кӯдаки тоҷик нест. Ба гуфтаи сокинон, як сол пеш низ ба пулис расман шикоят карда буданд, ки ин мард дар майдончаи кӯдакони кӯчаи Тяговая олоти ҷинсиашро ба кӯдакони хурдсол нишон додааст, вале пулис аслан ба ин шикоят аҳамият надода, Сёминро ҳатто бозҷӯӣ накардаанд.

Ба ин далел, раёсати корҳои дохилии вилояти Маскав 5 роҳбари баландпояи пулиси шаҳри СерпуховЮо шумули сардори пулиси ин шаҳрро барои хунукназарӣ аз сафи пулис ронд.

Ҳувайдо Тиллозодаро рӯзи 25 июл дар зодгоҳаш – шаҳри Кӯлоби Тоҷикистон ба хок супурданд. Модари баргаштабахти Ҳувайдо он қадар аз Русия дилсард шудааст, ки дигар наомад ва дар Кӯлоб монд. Падари ӯ Абдусалом Саидов баъди анҷоми маросими мотами духтараш ба Русия баргашт. Ӯ мегӯяд, танҳо мақсадаш аз ин сафар ноил шудан ба тантанаи адолат ва ҳукми зиндони умрбод барои қотилест, ки духтари гули ӯро ваҳшиёна кушт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *