Сергей Шойгу: Вазъият дар Осиёи Марказӣ печида аст
Вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу гуфт, ки вазъ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба далели таҳдидҳои Афғонистон печида боқӣ мемонад.
ТАСС менависад, ки Шойгу дар ин бора 27-уми феврал дар як нишаст дар Вазорати мудофиаи Русия изҳорот додааст. Манбаъ аз қавли Шойгу менависад, ки “вазъ дар Осиёи Марказӣ ҳанӯз печида аст ва таҳдиди аслӣ аз Афғонистон аст”.
Вазири мудофиаи Русия гуфт, ки ДИИШ (ташкилоти террористии фаъолияташ дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигар мамнуъ) дар як соли ахир неруи ҷангҷӯёни худро 15 дарсад афзоиш додааст.
Ба таъйиди Шойгу, ДИИШ дар пайи густариши ақидаҳои ифротӣ дар Осиёи Марказӣ ва анҷоми фаъолиятҳои тахрибкорӣ дар марзҳои ҷанубии Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ аст.
«Ҳадафи аслии онҳо паҳн кардани ақидаҳои ифротӣ ва анҷом додани фаъолиятҳои тахрибкорӣ дар марзҳои ҷанубии СПАД аст»,- гуфтааст Шойгу.
Ҳамчунин, Шойгу афзудааст, ки соли 2024 Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия талошҳоро барои рафъи вазъи буҳронӣ дар Осиёи Марказӣ равона карда, дар 7 тамрин дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ширкат хоҳад кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ