Шӯрои уламо: Овозхонӣ гуноҳ нест

Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон эълон кард, ки мусиқиву овозхонӣ дар ҷашнҳои хурсандӣ ба мисли арӯсӣ раво аст. Эълоне, ки бешак интиқоди афроди мазҳабии муҳофизакор ва баҳси зиёдеро бармеангезад.

Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи 18-уми апрел дар посух ба як нафар, ки пурсидааст, “Ҳукми гўш кардани мусиқӣ дар Ислом чист?” ҷавоб додааст, ки “овозхонӣ ба муносибати ҷашну сурур, аз қабили рўзҳои ид ё арўсӣ ва ё таваллуди навзод мустаҳаб аст”.

Посухи Шӯрои уламо ба ин фард дар торнамои расмии маркази исломӣ нашр шудааст. Пайравони дини Ислом мустаҳаб гуфта, амалеро дар назар доранд, ки иҷрои он кори савоб шумурда мешавад.

Айни замон Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон, ягона ниҳоди фатводиҳанда дар Тоҷикистон дар ин посух мегӯяд, шунидани “мусиқиҳое, ки барангезандаи шаҳват бошанд, макрўҳ аст”.

Баҳси раво ва ё нораво будани шунидани мусиқӣ ва овозхонӣ дар Ислом ду рӯзи ахир дар шабакаҳои иҷтимоӣ баъди нашри як видеои овозхонии Шамшод Муҳиддинов, ки имомхатиби масҷиди деҳаи Дурбати ноҳияи Ҳисор доғ шуд. Шамшод Муҳиддинов, писари Тоҷиддини Муҳиддин овозхони шинохтаи тоҷик аст, ки замони ҷанги дохилӣ даргузашт.

Дар ин видео рӯҳонии ҷавони тоҷик порае аз суруди маъруфи «Модарам»-и шодравон Зафар Нозимро месарояд ва корбарони зиёде дар шабакаҳои иҷтимоӣ онро тамошо карда ва ба ӯ аҳсан хондаанд.

Айни замон гурӯҳе аз рӯҳониёни ҷавон ва бахусус онҳое, ки муқими Русия ҳастанд, бо нашри видеоҳо ба танқиди Шамшод Муҳиддинов пардохтаанд, ки чӣ гуна як рӯҳонӣ метавонад, овозхонӣ кунад.

Худи Шамшод Муҳиддинов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мусиқие, ки ба “шаҳват намебарад ва дилҳоро нарм месозад ҷоиз аст”. Ҳамин гуфтаи Шамшод Муҳиддинов баҳсҳо дар бораи ҷоиз ва ё мамнӯъ будани овозхониву мусиқиро дар шабакаҳои иҷтимоӣ доман зад ва корбарон ҳам баъди ҳамин баҳсҳо ба Шӯрои уламо бо чунин суол муроҷиат кардаанд.

Мулло Ҳайдар Шарифзода, як узви Шӯрои уламо рӯзи 18-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, посухи шӯро дуруст аст, чун овозхонҳо низ бо суруду таронаҳо метавонанд, инсонҳоро тарбия ва ислоҳ кунанд.

Ӯ гуфт: “Чӣ фарқ дорад, ки панду ҳикматро домулло мехонад, ё каси дигар? Ҳофизе, ки сурудҳои тарбиявӣ хонад ва мардумро ба роҳи рост ҳидоят кунад, савоб мегирад. Ин ягон ҷои бадӣ надорад”.

Баъди солҳои 90-ум, ки дар Тоҷикистон теъдоди мазҳабиён зиёд шуд, баъзеҳо ба ҷойи даъвати овозхон ба ҷашни арӯсӣ ва ё хатнаи фарзанд, муллоҳоро даъват мекарданд ва вазъи онҳоро мешуниданд.

Дар ин тӯйҳои ба истилоҳ “исломӣ” ба фарқ аз тӯйҳои дунявӣ ё «комсомолӣ» арӯсу домод ҳам рӯи саҳна намебаромаданд. Занон дар дохили хонаҳо ва ҷудо аз мардон нишаста, ба амри маъруфи рӯҳониён гӯш медоданд.

Дар соли 2008 баъди қабули Қонуни танзими анъана ва расму оин, даъвати руҳониёро дар тӯйҳо мамнӯъ шуд. Ҳоло овозхонии як рӯҳонии ҷавон баҳсҳо сари масъалаи раво будани шунидани мусиқӣ ва овозхониро ба миён кашид, ки зоҳиран бо гузашти андаке вақт, фурӯ менишинад.

Бознашр аз Озодӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *