Шаҳрдори Бохтар мушкили беш аз се даҳсоларо ҳал кард

Бо ташаббуси Абдулмаҷид Муминзод, шаҳрдори Бохтар як бинои алоҳидаи муассисаи томактабии рақами 7 пурра таъмир карда шуд. Бинои мавриди назар чанд сол боз бо далелӣ фарсудагӣ истифода намешуд. Ба қавли мардум мушкили қариб се даҳсола бо мусоидати масъулин роҳи ҳал пайдо кард.

Масъалаи таъмирталаб будани кӯдакистони мавриди назар аввали соли равон, дар нишасти хабарӣ ба Абдулмаҷид Муминзод суол шуда буд. Ӯ ҳам дар посух гуфта буд, ки дар муҳлати кутоҳ муассисаи томактабӣ таъмир мешавад. Бо гузашти каму беш аз шаш моҳ шаҳрдор ба ваъдааш вафо кард.

“Мо супориш додем то харҷнома пеш аз ҳама барои иваз кардани дару тирезаҳои кӯдакистон тартиб дода шавад. Ин масъала таҳти назорати худам меистад. Дар рӯзҳои наздик мушкил пурра ҳал карда мешавад”-гуфта буд Абдулмаҷид Муминзод. 

 Шоиста Абдуназарзода, мудири шуъбаи маориф дар шаҳри Бохтар ба Pressa.tj гуфт, ки дар бинои таъмиршуда, камаш 100 кӯдак ба таълиму тарбия фарогирифта мешаванд. Ин албатта барои фарогирии бештари кӯдакон ба кӯдакистон мусоидат мекунад.

“Дар муассисаи томактабии рақами ҳафт 100 кӯдакро ба таълиму тарбия фаро гирифта будем. Баъди таъмири бинои фарсуда боз 100 кӯдаки дигар дар чор гуруҳ ба таълим фаро гирифта мешаванд”,-изҳор дошт номбурда.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *