Шаҳрвандони Тоҷикистон дар рӯйихати ихроҷ аз Амрико
Мақомоти Амрико 1 миллиону 445 ҳазору 549 шаҳрванди хориҷиро ба рӯйихати ихроҷ аз кишвар шомил кардаанд.
Дар миёни онҳо теъдоди муайяни шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон низ қарор доранд. Дар ин бора хабаргузории «Fox News» хабар додааст
Бино ба иттилои Хадамоти муҳоҷират ва гумруки ИМА (ICE), то моҳи ноябри соли гузашта аз кишварҳои минтақа шаҳрвандони зерин ба ин рӯйихат ворид шудаанд:
-Ӯзбекистон – 975 нафар;
-Қазоқистон – 369 нафар;
-Қирғизистон – 319 нафар;
-Тоҷикистон – 149 нафар;
-Туркманистон – 40 нафар.
Шумораи муҳоҷирони ихроҷшаванда аз Осиёи Марказӣ нисбат ба шаҳрвандони кишварҳои Лотинӣ, ба монанди Гватемала, Ҳондурас ва Мексика хеле камтар аст. Аммо, шомил шудани шаҳрвандони ин кишварҳо ба рӯйихати ихроҷбудагон метавонад барои муҳоҷирони минтақа нигарониҳо эҷод кунад.
Гуфта мешавад, шахсоне, ки дар рӯйихати ихроҷ аз Амрико ҷой гирифтаанд, айни ҳол дар боздошт нестанд, вале қарори ниҳоӣ барои ихроҷи онҳо аллакай содир шудааст. Сахттар шудани қонунҳои муҳоҷиратии Амрико метавонад ба муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар солҳои охир барои кору зиндагӣ ба ИМА мерафтанд, таъсири манфӣ расонад.

То ҳол маълум нест, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа бо кадом сабаб ба рӯйхати ихроҷшудагон шомил гардидаанд, аммо маъмулан чунин қарорҳо вобаста ба вайрон кардани қоидаҳои муҳоҷиратӣ ё мавридҳои ҳуқуқвайронкунии ҷиноӣ гирифта мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ