Деваштич. Худкушии 7 хонандаи мактаб дар соли 2024
Дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд давоми як соли 2024-ум 7 хонандаи мактаб даст ба худкушӣ задаанд. Дар ин бора раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.
Вай аз ин ҳолат изҳори нигаронӣ карда, афзуд, ки баъди чанд ҳодисаи даст ба худкушӣ задани хонандагони мактаб худи ӯ бо волидайн ва аъзоёни оилаи онҳо вохӯрдааст. Роҳбарияти ноҳия гуфт, ки бештари онҳо аз оилаҳои солиму осоишта буданд. Ҳатто чанде аз волидайни хонандагони даст ба худкушӣ зада хизматчиёни давлатӣ буданд ва танқисӣ ё худ мушкили хонаводагӣ надоштанд. Ҳоло сабабу омилҳои дигари ҳодисаи худкушӣ аз тарафи масъулини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳқиқ шуда истодааст.
Бино ба иттилои роҳбарият ноҳияи Деваштич, дар ин давра дар умум 16 ҳодисаи худкушии сокинон ба қайд гирифта шуда, аз ин 7 нафарашон ноболиғон буданд.
Ҳамчунин, зимни нишасти матбуотии раиси ноҳияи Деваштич иттилоъ дода шуд, ки давоми соли 2024-ум дар ноҳия ҷиноятсодиркунии сокинон зиёд шудааст. Таъкид гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ дар ҳудуди ноҳия 290 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки ин рақам нисбати соли гузашта 10 ҳолат зиёд мебошад. Кушодашавии ҷиноятҳо бошад, дар ин давра 96,8%-ро ташкил медиҳад.
Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода аз ин ҳолат изҳори нигаронӣ карда, афзуд, ки барои пешгирии ҷинояткорӣ ҳоло бо масъулини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои дахлдор корбарӣ ҷоннок карда шудааст.
Фарзона Шамсиева
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ