Шаҳсутуни ҳастии миллат забони модарист

Бахшида ба 5 — уми октябр — Рӯзи забони давлатӣ

Бебаҳотарин неъмате, ки табиат ба аҳли башар арзонӣ доштааст, сухан аст. Аз байни мавҷудоти олам танҳо инсон метавонад тавассути забон фикру андешаҳои худро баён намояд, дар муомилоти байниҳамдигарӣ бошад, эҷод созад, изҳори меҳанпарастӣ дошта бошад, некиро талқин созад ва ба зиндагии шоистаи инсонӣ бирасад. Кулли миллатҳои олам дорои забони хосаи худ мебошанд ва ин падида муайянкунанда ва рукни аслии оинаи пурҷилои таърихии ҳар як миллат, офарандаи ҷаҳони маънавии миллатҳои олам маҳсуб меёбад.

Ҳамин тавр, забони модарии мо, яъне забони ноби тоҷикӣ низ дар қатори дигар забонҳои олам рукни аслии фарҳангу тамаддун, илму таърих, эҷоду адабиёт, маърифату дигар бунёдкориҳои миллӣ маҳсуб ёфта, тӯли ҳазорсолаҳо ҳам ба мардумони сарзамини мо ва ҳам ба кулли насли башар ҳамчун василаи боэътимоди муносибатҳои инсонӣ хизмати арзанда кардааст. Пешвои муаззами миллат дар яке аз баромадҳояшон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ бо як олам меҳру эътиқод ба забони давлатӣ изҳор дошта буданд, ки: “Забони модарии мо — забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ, ки донишу маърифати дар тӯли ҳазорсолаҳо андӯхтаи мардумро дар худ нигоҳ доштааст, гӯётарин далели ҳастӣ ва мақоми ҳаётбахши он дар сарнавишти таърихии миллати мо ба ҳисоб меравад. Яъне миллати шарафманди тоҷик таъриху фарҳанги камназири худро бо ҳамин забон иншо ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст. Забони тоҷикӣ дар шумули қадимтарин забонҳои Хуросону Мовароуннаҳр меросбари забонҳои бостонии ориёист…”.

 Донишмандону олимони олам дар асоси омӯзишҳои бисёрсолаи таъриху тамаддун ва адабиёти беш аз ҳазорсолаи тоҷикон собит намудаанд, ки сарчашмаҳои аслии пайдоиши забони миллии мо ба асрҳои пеш аз милод ва нахустин садсолаҳои солшумории нав пайвасти ногусастанӣ дошта, решаҳояш аз забонҳои хеле қадимаи суғдию бохтарӣ, портӣ, тохарӣ ва паҳлавӣ бармеянд. Дар даҳсолаҳои аввали қарни гузашта, саҳеҳтараш дар давраи тақдирсози миллӣ бо хизмату талошҳои чандин фарзандони барӯманди миллат, аз ҷумла устод Садриддин Айнӣ забони модарии мо ба таври расмӣ номи “забони тоҷикӣ”-ро гирифт ва ҳамвора дар он давраи ҳассосу тақдирсози таърихӣ муҳимтарин далели раднопазири ташкилёбии давлати миллии тоҷикон гардид.

Ҳамасола дар рӯзи таҷлилу гиромидошти забони давлатӣ Роҳбари давлат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо меҳру тафохури беандоза дар бораи забони ноби тоҷикӣ ва таърихи пайдоишу рушди ҳазорсолаи он суханронӣ намуда, наслҳои имрӯзаву ояндаи миллати шарафманди тоҷикро дар бораи посдории ҳарлаҳзина ва доимии забони модарӣ дар ҳама самтҳои ҳаёт таъкид медоранд ва гиромӣ доштани фарҳангу тамаддуни чандинҳазорсолаи миллӣ ва забони модарии пурғановати моро, ба ҳайси рукни аслии миллату давлат ҳушдор медиҳанд. Чандин сол аст, ки гуфтори маънибори Сарвари давлат, ки ҳанӯз соли 2019 дар яке аз баромадҳояшон дар Рӯзи забон бо тантанаву садоқат изҳор дошта буданд, дар хотири миллионҳо нафар маҳфуз аст: “Имрӯз аҳли олам моро бо номи «тоҷикон», давлатамонро бо номи «Тоҷикистон» ва забонамонро бо номи «забони тоҷикӣ» мешиносанду эътироф мекунанд. Бо ин забон садҳо ва ҳазорон бузургмардону нобиғагон дурри сухан гуфтаанд ва осори безаволу мондагорро ба ояндагон мерос гузоштаанд. Ҳикмат ва ахлоқи инсонпарварӣ, ки ҷавҳари осори ниёгони мост, бо забони муқтадиру пурвусъат ва ширину гуворои тоҷикӣ асрҳо боз садо медиҳад ва сарвати фарҳангиву маънавии миллати мо бо ҳамин забон оламро тасхир кардааст.

Осори Рӯдакиву Фирдавсӣ, Аттору Саноӣ, Саъдиву Ҳофиз, Мавлонои Балхиву Мавлоно Ҷомӣ ва садҳо нафари дигар, ки ҳанӯз чандин аср пеш навишта шудаанд, имрӯз барои мардуми мо дастрасу фаҳмо ва азизу гиромӣ мебошад.  Ин осори ҷовидонаро ҳар як фарзанди соҳибмаърифати миллат имрӯз ба осонӣ ва бе луғат мехонаду мефаҳмад. Масалан, ашъори устод Рӯдакӣ-зодаву парвардаи деҳаи Панҷрӯди шаҳри бостонии Панҷакент ва сардафтари адабиёти тоҷику форсро имрӯз, яъне баъди зиёда аз ҳазор сол ҳар яки мо ба осонӣ мефаҳмем ва аз маъниҳои баланди он лаззат мебарем. Ва ин падида бемуҳобот, мояи ифтихору сарфарозии мо — ворисони ин мероси бузурги маънавӣ мебошад…”.

Агар ба таърихи тайнамудаи забони тоҷикӣ, ки ибтидояш аз қаъри асрҳо сарчашма мегирад, назар афканем, ҳамоно дармеёбем, ки ин рукни аслии миллати мо дар ҷараёни ташаккулу таҳаввул марҳилаҳои хеле мураккабу пурпечро гузашта, ҳамзамон аз раванди рӯзгору эҷоди ҳазорҳо ниёгони донишманду маъниофари мо ба имрӯзиён маъниву рисолату андарз расонидааст. Хосатан, дар замони давлатдории Сомониёни барӯманд, дар даврае, ки пас аз истилои арабҳо забони арабӣ мавқеи иҷтимоиву давлатиро касб карда буд, дарбори шуҳратманди Сомониён забони модарии моро ба ҳайси забони давлатию миллӣ ҳифз намуда нигоҳ дошт. Ҳамин хизмати арзишманди Сомониён буд, ки тӯли минбаъдаи таърих, дар давоми садсолаҳо забони тоҷикӣ-форсӣ ба ҳайси забони дарборӣ, забони илму адаб ва эҷод боқӣ монд. Дар муддати беш аз ҳазорсолаи таърих маҳз тавассути ин забон илму маънӣ ва фарҳангу тамаддуни ғанӣ офарида шуд, ки ганҷинаи бебаҳои таърихии тамаддуну маърифати оламиёнро то имрӯз зиннат дода, ба ҳайси шиносномаи аслии миллӣ тоҷиконро ба мардуми олам муаррифӣ менамояд.

Мо соҳибзабонон дар назди наслҳои фардо барои ҳифзи асолату покизагӣ ва шириниву шевоии он масъулият дорем ва онро бояд ҳамчун арзиши бебаҳои миллӣ посдориву нигаҳбонӣ кунем ва барои рушду тақвияти минбаъдаи он аз ҳамаи имконоти мавҷуда босамар истифода барем.

Қарзи фарзандӣ ва рисолати инсонии мост, ки забони модариамонро баробари модари худ азиз шуморем, дӯст дорем. Онро мисли модар, ки моро ба дунё оварда, меҳри забонро бо шири поку ҷонбахш ва муҳаббати онро бо аллаи гӯшнавозаш дар ҷисму ҷони мо ҷой кардааст, эҳтирому эҳтиёт кунем.

Ҳамза Ҳасанов,

мудири шуъбаи қабули калонсолони МД «Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов» 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *