Шаби Абулқосим Лоҳутӣ ва Садриддин Айнӣ дар Теҳрон
Асри якшанбе, 21 мурдодмоҳи соли 1403, баробар ба 11 августи соли 2024-и мелодӣ дар дар Хонаи андешамандони улуми инсонии шаҳри Теҳрон 762-юмин “Шаби маҷаллаи “Бухоро” баргузор шуд, ки он ба «Абулқосим Лоҳутӣ ва Садриддин Айнӣ » бахшида шуда буд.
Ин шаб ба муносибати нашри китоби «Номаҳои Абулқосим Лоҳутӣ ва Садриддин Айнӣ», ки бо кӯшиши Муҳсини Фараҳбар чанде пеш дар Теҳрон чоп шуд, баргузор гардид. Дарон доктор Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ — нахустсафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ва раиси Анҷумани дӯстии Эрону Тоҷикистон, Масъуд Ирфонён — пажӯҳишгар ва таърихнигор, Гударз Раштиёнӣ — пажӯҳишгари таърихи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз, Лодан Олампур — адиб, аз наводагони Мирзо Аҳмад Илҳомӣ (падари Лоҳутӣ) ва Мӯҳсин Фараҳбар дар бораи ваҷҳҳои гуногуни зиндагӣ ва фаъолиятҳои адабии Абулқосим Лоҳутӣ ва Садриддин Айнӣ суханронӣ намуданд. Ҳамчунин, Баҳодур Назир — муовин Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон паёми сафир Низомиддин Зоҳидиро қироат кард. Аз Тоҷикистон паёми видеоии адабиётшиноси маъруф Абдухолиқи Набавӣ низ дар ин нишаст ироа шуд.
Ёдовар мешавем, ки китоби “Номаҳои Абулқосим Лоҳутӣ ва Садриддин Айнӣ» ба кӯшиши Мӯҳсин Фараҳбар чанде пеш дар Теҳрон нашр шуд. Дар муаррифии китоб гуфта мешавад:
“Дар номанигории миёни Абулқосим Лоҳутӣ — шоир ва кунишгари сиёсии эронӣ, ки дар пайи як шӯриш нофарҷоми сиёсӣ дар зимистони соли 1300 хуршедӣ ба Иттиҳоди Шӯравӣ гурехтааст ва Садриддин Айнӣ — адиби номдору бунёнгузори адабиёти муосири тоҷик, ки дар китоби «Номаҳои Абулқосим Лоҳутӣ ва Садидлин Айнӣ» ироа шудааст, гузашта аз дӯстиҳо ва алоқаҳои адабии он ду, аз вазъияти сиёии Шӯрравӣ ва шароити ҷомеаи Тоҷикистон низ тасвире ба даст меояд.
Дар канори тарсу ваҳшати ҳосил аз якатозиҳои Столин ва амвоҷ пайдарпайи тасфияҳои сиёсӣ, ки қоби асли ин тасвирро ташкил медиҳад, аз саъй ва талошҳои рустамонаи Абулқосим Лоҳутӣ ва Садриддин Айнӣ мехонем барои ҳифзи забон порсӣ дар минтақаи Варорӯд ва сохтани ҷумҳурии навбунёди Тоҷикистон.”
Гузориши тасвирӣ аз «Шаби Абулқосим Лоҳутӣ ва Садриддин Айнӣ»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ