Шабнам Маҳтоб – Эрон
Барои ту…
Дастҳои ранҷдидаи ту бузург аст,
Ончононки хуршедро дар як даст,
Ва заминро дар дасти дигар гирифтаӣ.
Пойҳоят,
Пойҳои хамидаи ту,
Бузург аст.
Ончунонки дар ҷойи пойи ту,
Дарёҳои бекарон,
Ба тӯфон бармехезанд.
Қомати сарви асои хунолуди ту,
Баланд аст.
Ба баландои осмон,
Ончунонки хуршед,
Дар чашмҳои ту хона мекунад.
Нигоҳи маъсумонаи ту,
Нофиз асту шабшикан.
Ончунонки аз деворҳои сангӣ,
Ва садди зулмонии сукут убур мекунад.
Ва паёми ишқу зиндагонии туро,
Ба гӯши ҷаҳониён мерасонад.
Қалби ту каҳкашони беинтиҳое аст,
Ки рози ҷаҳонеро дар худ нуҳуфтааст.
Каҳкашони бе интиҳое, ки
Ахтарони фурӯзон,
Чилчароғи саросарии онанд.
Ва синаи тозиёна хӯрдаат,
Сарзамини ҳосилхезе аст,
Ки ҳатто дар базрафшои замистони гулӯла,
Гул медиҳад.
Гулҳои сурху шақоиқҳои оташин,
Эй нигори ман,
Гесуҳои баланди хунолуди худро,
Дар маърази бод бияфшон.
Ва аз қуллаи ғурурат,
Бо ангушти ишорат,
Он сўи ҷаҳонро бинмо,
Ки рамзи тадовуми насле,
Дар ҳаракати муъҷизаосои ангуштони ту нуҳуфтааст.
Маҳбуби ман,
Дар баробари оинаҳо,
Чеҳра биёрой,
Ки дар сафи муштоқонат,
Худойро мебинам.
Ки дар интизори саҷда ба даргоҳат,
Бебокӣ мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ