Шарҳи сафорат вобаста ба боздошти 150 муҳоҷир дар Митино
Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳолати боздошти 150 нафар муҳоҷирон дар минтақаи Митиноро, ки дар расонаҳои хабарӣ 30-юми майи соли 2023 интишор шуд, шарҳ дод.
Сафорат хабар медиҳад, ки кормандони Хадамоти консулӣ ба шуъбаи корҳои дохилии минтақаи мазкур сафарбар шуда, дар натиҷа муайян намудаанд, ки аз ин шумора 57 нафари онҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, айни ҳол 20 нафари онҳо озод шуда, тафтиши ҳуҷҷатҳои будубоши боқимонда шаҳрвандон идома дорад.
Гуфта мешавад, ки дар байни боздоштшудагон шаҳрвандони дигар давлатҳо низ ҳузур доранд.
— Тибқи маълумоти маъмурияти полиси ин минтақа, пас аз хотима ёфтани тафтиши ҳуҷҷатҳои боздоштшудагон, онҳо тибқи тартиб аз ин муассиса озод мегарданд,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ