Шарҳи моҷарои «Ҳолӣ», таҳдиди ДИИШ ва фоҳишаҳо аз забони Қунғуротзода

Аз пешгирии фоҳишаҳо

то бенизомӣ дар иди ҳиндувон ва овозаҳои ДИИШ

Суҳбати ихтисосии хабарнигори “Тоҷикистон» бо сардори РВКД-и шаҳри Душанбе полковники милиса  Қунғуротзода Фотеҳ

—  Рафиқ полковник, аз ҷасуриву диловарии шумо нақлҳои ҷолиб мекунанд. Мегӯянд, қариб ҳама шаб ба кӯчаҳои шаҳр «хилват» баромада, низоми шаҳрвандонро шахсан назорат мекунед…

— Истилоҳи «ҷасуриву диловарӣ»-ро дар ин маврид чандин ба мавқеъ намеҳисобам. Аммо назорат бурдани таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон, аз ҷумла рафти хизматбарии кормандони милитсияи пойтахт, бахусус шабона, як самти фаъолияти сардори милитсияи пойтахт ба ҳисоб меравад. Ман вазифаҳои ба зиммадоштаро иҷро менамоям.  Аз ин лиҳоз ман мунтазам шабона ба назорати ҳудуди шаҳри Душанбе мебароям.

Мегуфтед ,ки имрӯз кадом намудҳои ҷиноят  дар шаҳр бештар ба назар мерасанд?

-Аз ҳама бештар  дуздӣ ва қаллобӣ содир мешаванд. Дар чор моҳи соли ҷорӣ аз 1643 ҷинояти дар пойтахт содиршуда, 562 ҳолати он ё 34,2 %-ро дуздиҳо ва 384 ҳолати он ё 23,3 %-ро қаллобӣ ташкил медиҳад.  Дар ин муддат ягон ҷинояти одамрабоӣ содир нашудааст. Куштор, ки  ҳамагӣ дар 3 ҳолат  содир шудааст, кушода шудааст.

 -Овозае ҳаст, гӯё занҳои тамаъҷӯе пайдо шудаанд, ки дар либоси бечорагӣ аз марде хоҳиш мекунанд, моро аз ин сӯ ба он сӯи роҳ гузарон. Пас аз иҷрои ин амал он зан дасти мардро дошта мегӯяд, ки 100 сомон деҳ, вагарна дод мезанам, ки ба номуси ман таҷовуз кардед. Ин овоза то куҷо ба ҳақиқат рост меояд?

-Ин овозае беш нест. Аз мардон тамаъ кардани маблаѓ бо роҳи иръоб (шантаж), ки гӯё ба номуси зан таҷовуз кардааст, кори осон нест. Зеро ҳар як мард медонад, ки барои айбдор намудани ў далелҳои қотеъ, аз ҷумла,  хулосаи мусбии экспертизаҳои судӣ оид ба ҷой доштани ҷимоъ, мавҷудияти тестерони мард дар  ҷисми зан ва ѓайраҳо зарур аст. Аз ин лиҳоз, ҳолати бо таҳдиди беасос аз ягон мард маблаѓ тамаъ карда гирифтан  ҷой надорад.

  —Дар шаҳр шумораи фоҳишаҳо  зиёданд. Боре вазири корҳои дохилӣ як рейд созмон дода , дар як шаб  онҳоро хеле «шикор» карда буд…

-Барои пешгирии фоҳишагӣ дар шаҳр шуъбачаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои ахлоқӣ ва зерсохторҳои он дар шуъбаҳои корҳои дохилии ноҳияҳо тибқи нақша фаъолият менамояд. Дар 4 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт 151 ҷинояти вобаста ба ахлоқ ошкор карда шудааст, ки аз ин шумора 113-тои он ташкил ва нигоҳдошти фоҳишахонаҳо мебошад. Ҳамчунин, зимни амалиётҳои мақсаднок (рейд) 174 нафар занону духтарони ба фоҳишагӣ машѓул аз мавзеъҳои ҷамъшавии афроди фоҳиша, аз ҷумла ҳаммомхонаҳо, назди меҳмонхонаю тарабхонаҳо ва кўчаю ҷойҳои ҷамъиятӣ дастгир карда шуда, ба мақомоти корҳои дохилӣ оварда шуданд.

Албатта, танҳо бо роҳҳои маъмурӣ пешгирии фоҳишагӣ ѓайриимкон мебошад, зеро аксарияти онҳо барои пешбурди зиндагӣ ба чунин амали номатлуб даст мезананд. Омили асосии пешгирии фоҳишагӣ бо кор ва маоши арзандае, ки барои пешбурди рўзгор басанда аст, таъмин намудани занону духтарон мебошад.

Дар расонае оид ба либоси занону духтарон ибрози андеша намуда будед…

-Сару либоси миллӣ яке аз нишонаҳоест, ки бо он  миллат шинохта мешаванд. Аз сару либос ҳатто намояндагони маҳалҳои гуногуни Тоҷикистон, аз ҷумла Бадахшон, Суѓд, Хатлон ва Раштонзаминро шинохтан мумкин аст. Сару либоси миллии занону духтарони мо бисёр зебанда аст ва ба ақидаи банда тақлид ба сару либоси бегонагон  ба мо зарурияте надорад.

— Шуморо медидагӣ кас варзишгар меҳисобад. Ба кадом намуди варзиш бештар шуғл меварзед?

-Ҳарчанд вақти фориѓ аз кор ба мо кам  даст медиҳад  ва  ҳамарўза 16-18 соат ва баъзан шабонарўзӣ  дар ҷойи корӣ қарор дорем, вале новобаста ба ин кўшиш менамоям ба тарбияи бадан машѓул шавам. Хушбахтона, дар дохили Раёсат толори варзишии замонавӣ сохта, ба истифода додаем, ки кормандон аз он истифода менамоянд ва банда низ ба варзиши сабук машѓул ҳастам.

-Оё вақт ёфта, китоб мехонед? Кадом китоб бештар мақбулатон аст?  

-95 фисади кормандони милитсия дорои маълумоти олӣ мебошанд ва мисли дигар зиёиён ба мутолиаи асарҳои бадеӣ машѓул ҳастанд. Банда низ дар канор нест. Саъдии бузургворро бештар аз ҳама дӯст медорам ва  «Гулистон»-и  ў китоби рӯйимизиам аст. Саропо панд…

— Як иди миллии ҳиндувонро  дар майдони варзишии «Динамо»  гурӯҳи ҷавонон қайд карданд, ки кормандони милитсия нисбат ба онҳо дағалӣ зоҳир намуданд. Барои ин 4 нафари онҳо муҷозот гирифтанд. Чаро чунин шуд?

-15 майи соли ҷорӣ дар варзишгоҳи «Спитамен» гурӯҳи ҷавонон иди ҳиндуҳо «Ҳолӣ»-ро таҷлил намуданд. Ташкилкунандагон чорабинии мазкурро бе иҷозати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ш.Душанбе баргузор намуда, баъдан бар хилофи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳои осоишта» берун аз ҷойи баргузорӣ, яъне ба кўча баромада бо садои баланд ва доду фиѓони худ тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуданд, ки боиси нигаронӣ ва шикояти шаҳрвандон гардид.

Дар мақомоти милитсия даѓалмуомилаҳо  нестанд, зеро кормандони мақомот дар доираи Кодекси одоби касбӣ ва талаботҳои Фармони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон № 1 аз 01.01.2006 сол «Дар бораи хушмуомилагӣ ва муносибати бодиққатонаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо шаҳрвандон» амал менамоянд.

— Оё овозаи «Байрақи сиёҳ»  афрохтани шахсони номаълум  ба бинои савдои «Садбарг»  ҳақиқат дорад?

-На дар «Садбарг» ва на дар дигар гўшаҳои шаҳр ягон хел байрақ овехта нашудааст. Аз ҷониби кормандони милитсия ҳудуди шаҳри Душанбе таҳти назорати қатъии шабонарўзӣ қарор дорад ва чунин ҳолат ҳаргиз ба амал нахоҳад омад.

Мусоҳиб  Иззатбек Идиев,

«Тоҷикистон»

Қунғуротзода Фотеҳ

Соли 1998 ДДМТ –ро хатм кардааст. То соли 2010 сардори ШКД-и шаҳри Истаравшан, аз соли 2010 то соли 2015 сардори ШКД-и н.Исмоили Сомонӣ айни замон сардори РКД-и шаҳри Душанбе, полковник ,27 майи 1962 таваллуд соли шудааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *