Шарти Лавров. Оё дар Афғонистон ҳукумати фарогир ба вуҷуд меояд?

Вазири корҳои хориҷии Русия гуфт, ки гурӯҳи Толибон* то замоне, ки як давлати фарогир аз нигоҳи сиёсӣ ва қавмӣ насозанд, ба расмият шинохта намешаванд…

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар як конфронси матбуотӣ пас аз сафар ба Ню-Йорк ва раисии ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ гуфт, ки то замоне гурӯҳи Толибон* аз рӯйи тааҳудоти худ, ки дар ҷомеаи байналмилалӣ ба расмият шинохта шудааст, амал накунанд, ба расмият шинохтани давлати толибҳоро нахоҳанд пазируфт.

“Русия аз ин воқеият сарчашма мегирад, ки ҳукумати Афғонистон, ки тавассути гурӯҳи Толибон* ташкил шудааст як воқеият аст ва бояд бо он музокира кард”,- гуфтааст Лавров.

Вай афзудааст, ки Русия бар он аст, ки толибон дар Афғонистон як воқеият дар саҳна аст. “Мо бояд бо онҳо музокира кунем»,- зикр кардааст ӯ.

“Яъне то замоне, ки фарогир будан сохторҳои ҳокимро тазмин кунад, на танҳо фарогир будан ба маънои қавмиятӣ, балки ба маънои сиёсии он низ бояд тазмин шавад»,- зикр кардааст вазири умури хориҷии Русия.

Лавров инчунин илова кардааст, ки Русия муътақид аст, ки Ғарб набояд аз баҳс тафреҳ равад, зеро Ғарб 20 сол аст, ки дар Афғонистон буда ва коре накардааст, ки ба наҳви фурсатҳои иқтисодии Афғонистонро тақвият кунад.

* Гурӯҳ ё созмоне, ки таҳти таҳримҳои СММ барои амалҳои террористӣ қарор дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *