Шаш кас қурбони тӯфони чанг дар ИМА шуд (видео)
Бар асари тӯфони чанг дар иёлати Иллинойси ИМА тақрибан 100 мошин ба ҳам бархӯрданд. Дар натиҷа шаш нафар ҳалок ва беш аз 30 нафар маҷруҳ шуданд. Дар ин бора полиси маҳаллӣ хабар дод.
Ҳодиса дар шоҳроҳ рух дода, ба гуфтаи полис, дар ҷараёни тӯфони чангу ғубор 40-60 мошини сабукрав ва ҳудуди 30 мошини борбар ба ҳам бархӯрда, дутои онҳо оташ гирифтааст.
«Айни замон мо дар бораи беш аз 30 ҷабрдида, ки ба беморхона фиристода шудаанд, маълумот дорем… Бино ба гузоришҳо, шаш нафар ҷон бохтаанд»,- гуфт полис.
Гуфта мешапвад, ки дар миёни қурбониён афроди аз 2 то 80-сола низ ҳастанд.
Сабаби фалокат шамоли сахтест, ки хоки киштзореро ба ҳаво баровард. Дар натиҷа, тӯфони регбор оғоз шуд, ки шоҳроҳ дида намешуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ