Мулоқоти навбатии гурӯҳи кории Тоҷикистону Қирғизистон дар Исфара

Имрӯз, 2-юми майи соли 2023 дар гузаргоҳи сарҳадии «Гулистон»-и шаҳри Исфара мулоқоти роҳбарони вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон доир гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, роҳбарони ҳайатҳо -​ раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва намояндаи ваколатдори Президенти Қирғизистон дар вилояти Бодканд Абдикарим Алимбаев натиҷаи фаъолияти гуруҳи кории дуҷонибаро назаррас арзёбӣ кардаанд.

— Дар натиҷаи корбарии гурӯҳи кории дуҷониба нофаҳмиҳои бамиёномада сари вақт ҳал гардида, ҷонибҳо дар масъалаҳои истифодаи якҷои захираҳои табиӣ, аз ҷумла об, тоза кардани каналу ҷӯйборҳои наздимарзӣ якдигарфаҳмӣ намуда истодаанд,- меафзояд манбаъ.

Таъкид карда шудааст, ки минбаъд низ фаъолияти гурӯҳи кории дуҷониба фаъолиятро дар тамоми сатҳҳо беҳтар намуда, вохӯриҳоро бештар ба роҳ мемонанд ва сокинони минтақаҳои наздисарҳадии ду кишвар бо риояи суннатҳои қадимии ҳамсоядорӣ ва эҳтироми якдигар зиндагии осоиштаро пеш мебаранд.

Гуфта мешавад, ки дар мулоқот ҳамзамон роҳбарияти Раёсати КДАМ ҶТ, Раёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ, Раёсати ВКД, Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ,​ раисони шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *