Шавҳар дар Русияву зан шӯи дигар кард

Аз гуфтани ному насабам худдорӣ мекунам, чунки хешу табор фаҳмида ба ҳолам механданд. Маро мушкилоти худам не, рафтори беақлонаи шавҳарам ба он маҷбур кард, ки ба редаксия муроҷиат намояд. Язнаам чанд сол боз дар Русия муҳоҷир аст. Занг намезанад, пул намефиристад, вале ҷавоби занашро надодааст. Хоҳари беақлам талоқи шавҳарашро нагирифта дар хонаи худаш бо як марди корчалон никоҳ кардааст. Хешу табор ва ҳатто мо, фарзандони падараш аз ин кори ӯ бехабар будем, то вақте ки шикамаш дамида аз ҳомиладориаш дарак надод. Аз гиребонаш гирифтем, ки ин ҳаромӣ аз  куҷо пайдо шуд, илоҷи дигар наёфта иқрор шуд, ки дар болои шавҳараш шавҳари дигар кардааст.  Акнун дар даҳони ҳама гапи хоҳари ман, аз шарм сарамро дар байни мардум бардошта наметавонам. Шавҳараш, ки яккаписар буд, падару модараш пеш аз маргашон хонаашонро ба номи ӯ ҳуҷҷат карда доданд, то баъди сари онҳо азоб накашанд. Хоҳари беандешаи ман ақаллан хотири руҳу арвоҳи хусуру хушдоманашро накарда дар хонаи онҳо бо марди дигар зиндагӣ карда истодааст. Ҳарчанд насиҳат мекунем, ки ин кораш натанҳо айб, балки гуноҳи азим аст ва никоҳаш бо шавҳари наваш ҳалол ҳисоб намешавад, чунки шӯйи якумаш талоқи ӯро то ҳол надодааст, бепарвоёна даст афшонда мегӯяд: «Вай дар он ҷо бо беваҳои рус кайфу сафо карда гардаду ман дар ин ҷо умри ҷавонамро бо роҳпоӣ хазон кунам?! Ман ҳам зан ҳастам ва навозишу меҳрубонӣ мехоҳам. Барқасд дар хонааш шавҳар кардам, ки шунаваду аз шарму рашк дарун ба дарун сӯхта хокистар шавад! Мардум чизе, ки мегӯянд, гуфтан гиранд, парвои лақ-лақашон надорам…»  Аз дасти падару модари пирам ба ҷуз лаънат кардану дашном додани фарзанди гапнодарояшон дигар коре намеояд. Хонандагони азиз, илтимос, ба ман ягон маслиҳати судманд диҳед. Хоҳарамро чӣ гуна аз ин кори хато боздорам? Бовар кунед, ҷонам аз ғайбати мардум ба лабам расидааст!

Сарвиноз, ш Душанбе.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *