Шикояти ҳунармандони Афғонистон аз бекорӣ (видео)
Дар Афғонистон ҳунармандон шикоят доранд, ки баъди ба сари ҳокимият омадани гурӯҳи террористии Толибон фаъолияташон манъ шудаасту бекор мондаанд.
Дар ин бора “Спутник”-и Афғонистон гузориш медиҳад. Ба гуфтаи ин манбаъ, Юнус Комавол — сокини вилояти Нангарҳор ҳудуди 15 сол дар бахши ҳунар ва театр кор кардааст. Юнус ҳоло бекор аст ва бо мушкилоти зиндагӣ мубориза мебарад.
Ба гуфтаи ин ҳунарпешаи собиқ, ӯ камардард дорад ва бояд ҷарроҳӣ шавад, аммо имкони онро надорад.
Вай аз Толибон талаб мекунад, ки ба намояндагон иҷоза бидиҳад, зеро кори намояндагон мушкилоти ҷомеаро инъикос мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ