Ноиби президенти БАТР барои тафтиши лоиҳаҳои бонкӣ ба Тоҷикистон меояд

Марк Боуман, ноиби президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар умури сиёсат ва ҳамкорӣ то 26-уми апрел аз Тоҷикистон боздид мекунад,- гузориш медиҳад “ТоҷикТА”.

Интизор меравад, ки Боуман бо мақомоти давлатӣ ва муштариёни БАТР дар кишвар мулоқот кунад.

«Мақсади асосии сафар тафтиш ва баррасии татбиқи лоиҳаҳои ҷорӣ, ҳамчунин баррасии ҳамкориҳои оянда барои рушди устувори Тоҷикистон мебошад»,- омадааст дар хабар.

Дар чаҳорчӯбаи барномаи серӯза Боуман бо раҳбарияти олии Тоҷикистон, аз ҷумла сарвазир Қоҳир Расулзода, вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дидор хоҳад кард.

Ҳамчунин, ноиби президенти БАТР бо намояндагони бахши хусусӣ ва ҷомеаи дипломатӣ мулоқот доир хоҳад кард.

Имсол БАТР 30-юмин солгарди ифтитоҳи намояндагии худро дар Тоҷикистон таҷлил мекунад. То имрӯз БАТР дар 157 лоиҳа дар саросари Тоҷикистон ҳудуди 900 миллион евро сармоягузорӣ кардааст, ки бо ин яке аз бузургтарин сармоягузорони институтсионалӣ дар кишвар ба шумор меояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *