Шинохти ҷасади 7 нафар аз суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines”
Дар Актау қисмҳои ҳавопаймои ширкати “Azerbaijan Airlines” аз ҳам ҷудо карда шуданд.
Дар бартарафсозии оқибатҳои садамаи ҳавопаймо 306 нафар ҷалб карда шудаанд.
Тибқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Қазоқистон, 38 ҷасади ҳалокшудагон ба маркази экспертизаи судӣ интиқол дода шуд. Дар байни онҳо 6 шаҳрванди Қазоқистон ва 3 узви экипажи ҳавопай будаанд. Ҷасади 7 нафар шинохта шудааст.
Дирӯз, 25 декабр наҷотдиҳандагон қуттии сиёҳро кашф кардаанд.
Дар макони ҳодиса навбатдории шабонарӯзӣ ташкил карда шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ