Шоҳин Самадӣ: Масъалаи пайвастан ба ИИАО баррасӣ нашудааст

Сардори Раёсати иттилоот ва матбуоти ВКХ Тоҷикистон Шоҳин Самадӣ гуфтааст, ки дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Русияву Тоҷикистон масъалаи шомил шудани кишвар ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баррасӣ нашудааст.

Ҷаноби Самадӣ суханони Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русияро, ки изҳори умедворӣ кардааст, ки ба зудӣ «барои худаш манфиатҳои пайвастан ба ИИАО-ро муайян мекунад» шарҳ дод.

Тавре намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ тавзеҳ дод, ҷонибҳо на дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар ва на дар мулоқот бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии кишвар масъалаи ҳамгироии Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро баррасӣ накардаанд.

«Масъалаи пайвастани Тоҷикистон ба ЕАЭО дар рӯзнома набуд. Зимни мулоқот дар Душанбе танҳо ба масъалаҳои густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, амнияти минтақавӣ ва ҳамчунин ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ таъкид шуд”,- иқтиброс меорад “ТАСС” аз Шоҳин Самадӣ.

Маврид ба зикр аст, ки масъалаи пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, ки Русия, Арманистон, Белорусия, Қазоқистон ва Қирғизистонро дар бар мегирад, аз соли 2015 баррасӣ мешавад. Сергей Лавров рӯзи 6-уми июн дар ҷараёни сафараш ба Душанбе изҳори умедворӣ кард, ки мақомоти Тоҷикистон ба ҳар ҳол «ба зудӣ манфиатҳои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро худашон муайян хоҳанд кард». Дар суханронии дигар вазир аз омор истинод кард: тибқи маълумоти Бонки АвруОсиёии Рушд, соли гузашта 44%-и тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ба кишварҳои иттиҳод рост омад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *