Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми миллатҳои Араб-2023

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов дар Арабистони Саудӣ қарор дошта, тамринҳоро барои марҳилаи гурӯҳии Ҷоми миллатҳои Араб-2023 идома медиҳад.

Дар Ҷоми миллатҳои Араб-2023, ки то 16-уми июн дар Ҷидда баргузор мешавад, дастаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои Арабистони Саудӣ, Либиё ва Алҷазоир бозӣ мекунад. Шогирдони Воҳидов нахустин бозии худро дар ин мусобиқот рўзи 6-уми июн бо дастаи Либиё анҷом доданд. Вохўрӣ бо натиҷаи 2:1 бар нафъи Либиё ба охир расид. Голи дастаи Тоҷикистонро Файзалӣ Сардоров зад. Рўзи 8-уми июн Тоҷикистон бо Арабистони Саудӣ бозӣ мекунад.

Дар гурӯҳи «В» дастаҳои Марокаш, Комор, Кувайт ва Лубнон иштирок мекунанд. Дар гурўҳи «С» Миср, Мавританиё, Фаластин ва Ироқ мубориза мебаранд. Бар асоси натоиҷи марҳилаи гурӯҳии Ҷоми миллатҳои Араб-2023 аз ҳар гурӯҳ ду даста ва ду дастаи беҳтарини ҷойи сеюм ба плей-офф роҳ меёбанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *