Шоираи тоҷик ба кумак ниёз дорад
Шоираи ширинкалом Назокати Сафар ба бемор шудаву айни ҳол дар ҳолати вазнин дар бистари беморӣ қарор дорад.
Чуноне, ки хоҳари шоира Малоҳат ба «Тоҷикистон таймс» гуфт, давоми ду соли охир ӯ бемор аст ва тӯли ин муддат ҷарроҳӣ низ шудааст. Ҳоло бошад, Назокат тавасути сомонаи tajikistantimes.com аз кулли мардуми саховатпешаи кишвар хоҳиш мекунад , ки баҳри табобаташ дар хориҷа ба вай кумак кунанд.
Назокати Сафар муаллифи асарҳои назмии “Туро мехоҳам”, “Накҳати гули роз”, “Гардиши умр”, “Ошёни Бахт”, “Шукри замона” буда, ҳамчунин аъзои Иттифоқи нависандагон ва аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон низ ҳаст. Чанд соли охир дар китобхонаи Лоҳутӣ фаъолият мекунад.
Ҳар нафаре, ки хоҳиши ба ин шоираи акнун бемор кумак расонидан дорад, метавонад тавассути рақамҳои 907 11 90 82 занг занад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ