Шумораи ҳалокшудагон аз сели ахир ба 17 нафар расид
Теъдоди ҳалокшудагон аз селхезиҳои шаби 27 ба 28-уми август дар Тоҷикистон афзоиш ёфт. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дод.
Наҷотдиҳандагон ҷасади чаҳор нафар, аз ҷумла 3 зан ва 1 марди дигарро аз даруни лойобҳо дар шаҳри Ваҳдат пайдо кардаанд.
Ҳамин тариқ, теъдоди фавтидагон дар ин офати табиӣ бо 13 тани аввала ба 17 нафар мерасад.
“Ҷасадҳо барои муайян кардани шахсияти онҳо ба мақомоти дахлдор супурда шудаанд»,- афзуд манбаъ.
Ба гузориши Кумита, барои бартарафсозии офати табиӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти ба номи Н. Розиқ, Симиганҷ, Чӯянгарон ва Ромити шаҳри Ваҳдат бо ҷалби 350 нафар сокинони маҳаллӣ дар баробари наҷотдиҳандагон ҷалб шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ