Ҷоми Осиё-2024. Мунтахаби олимпии Тоҷикистон омодагиро оғоз кард

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар Душанбе ҷамъомади таълимиву тамриниро шуруъ кард, ки ҳадафи он омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 мебошад.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, Мубин Эргашев — сармураббии дастаи мунтахаби олимпии кишвар ба ҷамъомади тамринии Душанбе 27 бозигар — 3 дарвозабон, 10 ҳимоятгар, 11 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар даъват кардааст. Дархости ниҳоии даста барои ширкат дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 23 бозигарро дар бар хоҳад гирифт.

— Бояд гуфт, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар гурӯҳи «I» бо дастаҳои Лаос (9-уми сентябр) ва Австралия (12-уми сентябр) рақобат мекунад. Бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд,- меафзояд манбаъ.

Ҳайати мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23):

Дарвозабонҳо: Муҳриддин Ҳасанов («Истиқлол»), Суҳробхӯҷа Юсупов (КМВА), Шаҳобиддин Маҳмудзода («Ҳосилот»).

Ҳимоятгарон: Манучеҳр Сафаров («Локомотив»-и Ӯзбекистон), Меҳрубон Каримов («Самгуралӣ», Гурҷистон), Алиҷон Кароматуллозода, Содиқҷон Қурбонов (ҳарду аз «Истиқлол»), Раҳматшо Раҳматзода, Шаҳриёри Иноятулло (ҳарду аз «Равшан»), Исроил Холов (КМВА), Фирдавс Алиназаров («Хатлон»), Фахриддин Аҳтамов («Хуҷанд»), Ҷонибек Шарифов («Ҳосилот»).

Нимҳимоятгарон: Хусрав Тоиров («Шахтёр», Украина), Руслан Хайлоев («Зенит-2», Русия), Фатҳулло Олимзода («Атирау», Қазоқистон), Алишер Раҳимов («Амкал», Русия), Амадонӣ Камолов, Алиҷони Айнӣ (ҳарду аз «Истиқлол»), Масрур Қиёмиддинов («Равшан»), Азизбек Ҳайитов («Хуҷанд»), Алишер Шукуров («Куктош»), Шуҳрат Элмуродов («Регар-ТадАЗ»), Шоин Боев («Моҳир»).

Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Милсами», Молдова), Рустам Соиров («Локомотив», Ӯзбекистон), Далер Шарифов («Металлург», Ӯзбекистон).

Сармураббӣ: Мубин Эргашев.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *