Ситораи футболи ҷаҳон ба Тоҷикистон меояд

Ҳафтаи охир сарусадо дар бораи омадани ситораи футболи ҷаҳон Криштиану Роналду ба Тоҷикистон зиёд шудааст. Омадани ин футболбоз ба кишвари мо чӣ фоида дорад? Дар умум ӯ кист ва чаро таваҷҷуҳ ба шахсияти ӯ ин қадар зиёд аст?

Натиҷаи қуръакашӣ

Дастаи “Истиқлол”и Тоҷикистон дар қуръакашии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё бо дастаи “АлНаср”и Арабистони Саудӣ дар як гурӯҳ қарор гирифт ва ҳамакнун, Криштиану Роналду, сардори ин дастаи арабӣ ба Тоҷикистон хоҳад омад.

Маросими қуръакашӣ 24-уми август дар шаҳри Куала — Лумпури давлати Малайзия баргузор гардид.

Дар гурӯҳи Е якҷо бо “Истиқлол” ва “Ал-Наср” ҳамчунин дастаҳои “Персеполис”-и Эрон ва “Ал-Дуҳайл”-и Қатар низ шомил ҳастанд.

Даври аввали марҳилаи гурӯҳии бозиҳои Лигаи қаҳрамонҳои Осиё 19-уми сентябр оғоз гардида, то 13-уми декабр ба анҷом мерасад ва ғолибони гурӯҳ ба марҳилаи дигар роҳ меёбанд.

Дар ин марҳила дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ду маротиба бо дастаи “Ал-Наср” — як маротиба дар сафар бозӣ кард.  Маротибаи дуюм дар майдони худаш рақобат мекунад.

Оё ин гаронарзиштарин футбол дар таърихи Тоҷикистон аст?

Мулоқоти дуюми ин дастаҳо  қарор аст 5-уми декабр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шавад.Ин гаронарзиштарин футбол дар таърихи Тоҷикистон арзёбӣ гардидааст.

Нархномаи чиптаҳои бозӣ дар се категория пешкаш карда шуданд. Категорияи якум чиптаҳои VIP мебошад, ки 3000 сомонӣ нархгузорӣ гардидааст. 
Нархи чипта барои категорияи дуюм — минбари асосӣ (бахшҳои 1.2.3.4) 300 сомониро ташкил медиҳад. Барои се минбари дигар (шимол, шарқ ва ҷануб) нархи ҳар чиптаи категорияи сеюм 100 сомонӣ муқаррар шудааст. Сабаби болоравии нархи чиптаҳоро дар маҳдуд будани ҷои нашаст медонанд. Зеро майдони футболи кишвар 20 ҳазор ҷой барои тамошобин дорад.

Роналду ба Тоҷикистон меояд?

«Ал-Наср» барои бозикунони худ, аз ҷумла барои Криштиану Роналду ҷиҳати сафар ба Тоҷикистон виза дархост намуд. Криштиану Роналду ҳамчун шаҳрванди Португалия ҳуқуқи воридшавӣ ба Тоҷикистон бидуни раводидро барои 30 рӯз дорад.

Агар ҳамааш тибқи нақша сурат гирад ва ягон ҳодисаи ғайричашмдошт рух надиҳад, Роналду бояд ба Тоҷикистон ояд.

Чашм ба роҳ

Омадани ин футболбоз ба Тоҷикистон дастоварди бузург дар футболи кишвар аст. Зеро ба воситаи ин ситора “бренд”-и ҷаҳонии футболи тоҷик шинохта мешавад.Чаро?

Зеро Криштиану Роналду яке аз ду бозигарест, ки дар ҳамаи шаш бозии марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо гол мезанад.

Фаъолиятҳои ин қаҳрамон афсонавӣ аст. Варзишгар се маротиба аз рӯи ФИФА беҳтарин футболбози ҷаҳон эътироф шудааст. Ҳар касе, ки бозии Роналдуро дида бошад, бо ин баҳс намекунад: агар тӯб ба ӯ дода шавад, рақиб бояд голро интизор шавад.

Футболбози боистеъдод панҷ “Тӯби тиллоӣ” дорад. Се ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ»-ро тибқи France Football, ки ӯ дар солҳои 2008, 2016, 2017 ба даст овардааст, инчунин ду «Тӯби тиллоии ФИФА» дар солҳои 2013 ва 2014 гирифтааст.

Инчунин дигар ҷоизаҳои муҳими Португалияро соҳиб гаштааст: «Бути тиллоӣ» (2008, 2011, 2014, 2015). Беҳтарин футболбози ҷаҳон аз рӯи ФИФА (2008, 2016, 2017). Беҳтарин ҳуҷумкунанда аз рӯи УЕФА (2008, 2017, 2018). Беҳтарин футболбози Аврупо аз рӯи УЕФА (2014, 2016, 2017). Беҳтарин футболбози португалӣ дар хориҷа (2007, 2008, 2009, 2011, 2012, 2013, 2015, 2016, 2017, 2018).

 Ин нобиға кӣ аст?

Криштиану Роналду футболбози касбии португалӣ аз Фуншал аст. Вай 5-уми феврали соли 1985 таваллуд шудааст. Соли 2023-юм 38-сола шуд. Ӯ фарзанди чорум дар оилаи ошпаз Мария Долорес дос Сантос Авейро ва боғбон Хосе Динис Авейро аст. Футболбоз як бародар — Угу, хоҳарон бо номи Элма ва Лилиана Катя дорад.

Роналду роҳи худро ба муваффақияти варзишӣ дар ҳаштсолагӣ оғоз кард. Падари ӯ, ки дар сохтани либоси футболи бошгоҳ барои тими Португалия Андоринҳа кумак кардааст, писари дӯстдоштаашро ба футбол овард. Аз машқҳои аввал маълум шуд, ки писарбача ваъдаи калон додааст.

Футболбози ҷавон дар «Спортинг» хуб баромад карда, диққати сармураббии «Ливерпул»-ро ба худ кашид. Аммо бо назардошти он, ки Роналду ҳанӯз хеле ҷавон аст, онҳо тасмим гирифтанд, ки шартномаро имзо накунанд. Соли 2003 барои футболбоз тақдирсоз шуд, вақте ки ӯро сармураббии «Манчестер Юнайтед» пай бурд. Дар моҳи августи соли ҷорӣ Роналду расман дар Олд Траффорд, варзишгоҳи футболи воқеъ дар Англия муаррифӣ шуд. Криштиану аввалин футболбози португалӣ шуд, ки ба тими “Манчестер Юнайтед” пайваст.

Аз бозиҳои аввал дар ҳайати дастаи нав Роналду истеъдод нишон дода, исбот кард, ки сармураббӣ нисбат ба ӯ хато накардааст. Ҳамлагар голи аввалини худро дар ҳайати «МЮ» тирамоҳи соли 2003 дар бозӣ бо Портсмут зад. Пас аз ду сол, дар бозӣ бо Мидлсбро маҳз ӯ голи 1000-солагии “Манчестер Юнайтед”-ро ба дарвозаи ҳарифон фиристод. То соли 2008 Роналду на танҳо бозингари баландтарин дар даста, балки капитани он низ гардид.

Дар моҳи июни соли 2008 маълум шуд, ки футболбоз хоҳиши гузаштан ба “Реал Мадрид” дорад ва 6-уми июли соли 2009 дар бошгоҳи нав дар варзишгоҳи Сантяго Бернабеу муаррифии Криштиану баргузор шуд. Вай нуҳ мавсимро дар “Реал Мадрид” гузаронд ва мукофотҳои сершумори инфиродӣ гирифт. Соли 2018 футболбоз ба “Ювентус” гузашт ва дар он ҷо се сол бозӣ кард. Соли 2021 Роналду ба «Манчестер Юнайтед» баргашт.

Ҳузури футболбоз дар “Манчестер” дер давом накард. Дар охири моҳи декабри соли 2022 ӯ бо бошгоҳи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ барои 2,5 сол шартнома баст.

Маоши Криштиану Роналду

Роналду маоши баландтарин дар таърихи футболро гирифтааст — соле 200 миллион евро. Соли 2020, тибқи маълумоти Forbes, ӯ аввалин футболбози миллиардер шуд. Даромади Роналду на танҳо аз футбол ва шартномаҳои таблиғотӣ ба даст меояд. Криштиану ба тиҷорат машғул аст. Соли 2006 ӯ аввалин дӯкони либоси худро кушод, ки CR7 ном дорад. Баъдан, футболбоз як қатор либоси таг ва ҷӯроб, футболка ва пойафзоли олӣ таҳия карда, хати атри худро баровардааст.

Хайрияҳои Роналду

Дар кариераи худ футболбоз «бутса»-и тиллоии худро бо нархи 1,5 миллион доллар фурӯхта, маблағи онро ба кӯдакони фаластинӣ хайрия кардааст. Инчунин, ӯ 275 ҳазор евро барои табобати кӯдакон аз бемории саратон, 5 миллион фунт барои зарардидагони заминларзаи Непал, 8 миллион долларро ба ниёзмандони Туркия ва Сурия хайр кардааст. Ҳоло футболбоз дар ҳисоби худ 260 миллион доллар дорад.

Падари 5 фарзанд

Писари нахустини ӯ Криштиануи хурдӣ соли 2010 таваллуд шудааст. Имсол писарбача 12-сола мешавад, аммо ӯ аллакай бо академияи «Манчестер Юнайтед» шартнома баст. Ҳоло падар ва писар як клубро намояндагӣ мекунанд, аммо модарашон онҳоро дар трибуна дастгирӣ мекунад ё на, маълум нест. Номи зане, ки фарзанди нахустини Роналдуро ба дунё овардааст, маълум нест. Худи футболбоз исрор меварзад, ки сирро нигоҳ дорад. Ҳоло бошад, Роналду соҳиби панҷ фарзанд аст ва бо ҳамсараш Ҷорҷина зиндагӣ мекунад.

Суман Убайдуллозода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *