Рашт

Ректор омӯзгоронро аз хобгоҳ берун кард

Ректори Донишкадаи омӯзгории Рашт Раҷабзода Маҳмадёр Носир аз хобгоҳи донишкада 23 нафар омӯзгорро пеш кардааст.

Ӯ бо муовинонаш ва муҳофизони донишкада худсарона чизу чораи омӯзгоронро дар саҳни донишкада рехтаанд. Ҳатто  дар пеши чашми донишҷӯён омӯзгоронро таҳқир карданд.

Дар ин бора “Пайк” хабар додааст.

«Аз гуфтаҳои раис ва ҷабрдидагон, яъне устодони ин Донишкада, ки аз хобгоҳҳо пешашон карданд, маълум гашт, ки ҷаноби ректор Раҷабзода Маҳмадёр бо як бераҳмии махсус на ҳамчун ректор, балки чун “рекет”дарҳои ҳуҷраҳои хоби устодонро дар хобгоҳи муаллимон шикаста, бо зердастонаш ҷиҳози онҳоро ба берун бароварда партофтанд ва муалимонро ҳар гуна суханҳои бад гуфта талаб намудааст, ки ӯ вазифадор нест, ки муаллимонро бо хобгоҳ таъмин намояд. Ҳол он, ки баъзе аз устодон аз ноҳияҳои Сангвор, деҳаҳои дурдасти ноҳияи Нуробод, аз ноҳияҳои Лахшу Тоҷикободанд ва дар ин муассиса ба донишомӯзон илм меомӯзанд. Омӯзгорони рондашуда қариб ҳамаашон устодони таҷрибадору унвондор ва соҳибкасб мебошанд»,-менависад «Пайк».

Аҷиб, магар донишкада хонаи ректор аст, ки чунин амалро нисбат ба омӯзгор раво мебинад? Ё инҷо ҳадафи дигар аст?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *