Фирор аз хизмати ҳарбӣ. Ҳам пул дод, ҳам ҳабс шуд

Сокини 33-солаи ҷамоати Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов Шероз Ҳакимов ба иттиҳоми қаллобӣ боздошт шудааст.

Акбар Шарифӣ, сухангӯи РВКД вилояти Суғд шоми 25-уми ноябр хабар дод, ки Шероз Ҳакимов моҳи апрели соли 2023 аз як сокини 45-солаи ҷамоати деҳоти Деҳмойи ҳамин ноҳия бо ваъдаи аз хизмати ҳарбӣ озод кардани писараш 50 ҳазор сомонӣ ситонида, ин пулҳоро ба манфиати шахсӣ истифода бурдааст, вале кори он сокини Деҳмой ва писари ӯро буд накардааст.

Дар ниҳоят ҷабрдида ба мақомот муроҷиат кардааст ва Шероз Ҳакимов дар асоси аризаи ҷабрдида боздошт шудааст.

Дар ин парванда як чиз нофаҳмост, ки чаро ҷабрдида — сокини ҷамоати Деҳмой аз имконияти қонунии аз хизмати ҳарбии дусола озод кардани писараш истифода набурдааст? Ва он ҳам бо пардохти пули хеле камтар аз он 50 ҳазоре, ки ӯ ба Шероз Ҳакимов додааст?  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *