Сиёвуш Бердиев ҷияни Ғарибшо аст ё Ташриф?
Овоза
Ман яке аз дӯстдорони саҳначаҳои ҳаҷвӣ ва мухлиси ҳаҷвнигорони асил ҳастам. Ба наздикӣ боз як чеҳраи наву тозаеро дар ҷодаи ҳаҷв пайдо намуда, хеле хурсанд шудам. Ҳаҷвнигори ҷавон Сиёвуш Бердиев бо вуҷуди ба тозагӣ рӯи саҳна омаданаш хеле истеъдоди хуб дорад. Шунидам, ки Сиёвуш ҷияни яке аз ҳаҷвнигорони шинохта Бахтиёр Раҳимов ё Ташриф Халилов будааст. Ин гап ягон асос дорад?
МАНУЧЕҲР, аз шаҳри Душанбе
Ҳақиқат
Бердизода Сиёвуш аз ҷумлаи ҳаҷвнигорони ҷавону муваффақи тоҷик аст, ки бо саҳначаҳои ҳаҷвии худ, ки мушкилоти оилавӣ ва проблемаҳои дигари ҷомеаро дар бар мегиранд, байни мардум маҳбубият пайдо кардааст. Сиёвуш ҳарчанд дар Академияи идоракунии давлатӣ таҳсил карда истода бошад ҳам, ҳамчун ҳаҷвнигор фаъолият менамояд. Ин ҷавон зимни суҳбат бо сомонаи Halva.tj гуфтааст, ки ҳаҷвнигорӣ дар аввал камоли орзуҳояш буд, вале баъди ба синни ҷавонӣ расидан завқи саҳна гум шуда, ба хоббӣ, яъне шуғли дуюмдараҷа табдил ёфт. Айни ҳол бошад, ӯро танҳо муҳаббати халқ дар рӯйи саҳна боз доштааст. Сиёвуш Бердизода мехоҳад дар оянда ҳамчун корманди давлатӣ фаъолият намуда, ҳаҷв ва ҳаҷвнигоронро дастгирӣ намояд.
“Писарбачае аз шаҳри Роғун саҳначаи ҳаҷвӣ гузошт. Ҳамаи дастаҳои ҳаҷвнигории ҷумҳурӣ омада, аз ҳамин кӯдак ёд гиранд”,- гуфта буд раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди Бердизода Сиёвуш, ки дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии “Лабханди зиндагӣ — 2011″ ширкат варзида буд.
Ба суоли он ки оё бо ҳаҷвнигорони шинохтаи кишвар Бахтиёр Раҳимов ё Ташриф Халилов риштаи хешутаборӣ дорад ё не, Сиёвуш гуфтааст:
— Шиносоии ман бо гуруҳи “Ғарибшо компания” соли 2011, баъд аз иштирокам дар кастинги телевизиони “Баҳористон”, ки барои дарёфти чеҳраҳои нав дар барномаҳои ҳаҷвии телевизион эълон шуда буд, шуруъ гардид. Бахтиёр Раҳимов ҳамчун узви ҳайати ҳакамон ширкат дошт. Вақте ки он кас ҳунарнамоиямро диданд, ба ҷойи тавсия додан ба телевизион маро ба гуруҳи “Ғарибшо компания” даъват намуданд.
Ин посух маънои онро дорад, ки ҳаҷвнигори ҷавон Сиёвуш Бердиев бо ҳунармандони шинохта Бахтиёр Раҳимов ё Ташриф Халилов ягон риштаи хешутаборӣ надорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ