Бозор

Бурду бохт дар 2022 ва умед аз 2023

Бо соли 2022 пас аз чанд рӯз хайрухуш мекунем ва соли 2023-ро истиқбол мегирем. Маъмулан, ҳар кас як соли ҳаёти гузаштаашро аз ғалбер мегузаронад: чӣ бурд дошту чӣ бохт? Яке афсӯс аз он мехӯрад, ки як соли умраш барабас рафт, дигаре хушҳолӣ мекунад, ки солро бомуваффақият паси сар кардааст. Дар соҳаҳо низ чунин аст.

Иқтисод асоси муваффақият

Мансабдоре, ки соҳаеро пеш мебарад, агар кораш омад карда бошад, табъаш болида аст. Дар маҷлиси Ҳукумат бо рӯйи сурху дили пур мешинад. Аммо вой бар ҳоли курсинишине, ки соҳааш ба ҷойи рушд рукуд кардааст. Бо сад ҳарос менишинад ва шояд аз дил ҳам гузаронад, ки имрӯз охирин рӯзи фаъолияташ асту зери интиқоди Роҳбари давлат қарор мегирад.

Пӯшида нест, ки тамоми муваффақиятҳо аз иқтисод сахт вобастагӣ доранд. Иқтисоди кишвар дар соли 2022 чӣ пешравӣ дошт? Оё  қонеъкунанда буд? Албатта, дар ин маврид ҳар кас посухи худро дорад ва аз рӯйи мушоҳида таҳлил мекунад.

Бозори асъор: Аз вазъи воқеӣ то пешгӯӣ

Дар соли равон бонкҳо чӣ муваффақият доштанд, ба назар чандон рӯшан нест. Чанде аз бонкҳо фоизи пасти қарз, ипотека, хизматрасониҳои дастрас гуфта, тарғиб мекарданд, аммо шарҳҳо ва назари мардум дар шабакаҳои иҷтимоӣ, инчунин номаҳо ба идораи нашрияи “Тоҷикистон” бозгӯи онанд, ки то ҳол низоми бонкӣ ба ислоҳот ниёз дорад.

Баъди барҳам хӯрдани чандин бонк ва сарсонии мардум барои гирифтани маблағи пасандоз, эътимод ба бонкҳо хеле коҳиш ёфтааст. Қарзҳои бонкҳо низ мувофиқ ба ҷайби мардум нест. Аҷиб, агар пасандоз гузоред, 6-10 фоиз, аммо қарз гиред, 30-35 фоиз.

Соли равон қарзҳои имтиёзноку андак фоизи паст дар “Амонатбонк” ба мушоҳида расид. Мизоҷоне, ки ба ин бонк корафтода шудаанд, мегӯянд, ки ҳуҷҷатгузорӣ ва гирифтани фоизи қарз нисбати дигар бонкҳо камтар аст. Аз рӯйи маълумоти мо, фоизи қарзи ин бонк, ки давлатӣ аст, 20-24 фоизи солона бештар нест. Албатта, ин ҳам фоизи паст нест, вале барои онҳое, ки сахт эҳтиёманд ҳастанд, андак сабукӣ ба ҳисоб меравад. Ҳол он ки, дар бонкҳои дигар меъёри қарз аз 30 фоиз болост.

Сомонӣ дар рейтинги ҷаҳонӣ

Имсол пули миллӣ мавқеи устувор доштааст. Сомонӣ дар қатори асъори кишварҳои собиқ шӯравӣ соли 2022 дар радабандиҳои ҷаҳонӣ  ҷойи намоёнро гирифт. Тибқи маълумоти “Bloomberg”, қурби пули миллии Тоҷикистон (сомонӣ), Гурҷистон ва Арманистон дар баробари доллар болоравии бештарро нишон додаанд. Аз аввали сол драми арманӣ нисбат ба доллар беш аз 22 дарсад афзоиш ёфта, миёни арзҳои ҷаҳонӣ мақоми пешсафро касб кардааст. Нархи лари гурҷӣ ва сомонии тоҷикӣ мутаносибан беш аз 16 ва 10 дарсад боло рафтааст.

Мегӯянд, ки ҳаҷми интиқоли пул дар Тоҷикистон шаш моҳи аввал тақрибан 50 дарсад афзоиш ёфтааст. Аммо иқтисодшинос Нуриддин Қаюмов мегӯяд, ки бинобар таъсири ҷанги Русия бо Украина интиқоли маблағи муҳоҷирон дар соли 2022 назаррас набуд. “Ихтилоф байни Русия ва Укрина таъсирашро ба иқтисоди Тоҷикистон низ расонд. Дар аввали сол қурби рубл паст рафт. Баъдан, нархи маҳсулоти ғизоӣ майли болоравӣ касб кард. Интиқоли маблағи муҳоҷирон ҳам кам шуд”,- изҳор дошт иқтисодшинос Нуриддин Қаюмов.

Аммо “Bloomberg” дар идомаи радабандӣ менависад, ки «иқтисоди Тоҷикистон, ки дастрасӣ ба баҳр надорад, имкон дод, то дар соли равон 7 дарсад рушд кунад, дар қиёс ба пешгӯиҳои қаблӣ, ки рушди 4-5-дарсадиро пешгӯӣ мекарданд». Яъне, сомонӣ дар сегонаи асъори қурбаш бештар болорафта нисбати доллар қарор гирифт. Қурби рубл нисбати сомонӣ поин рафта, ба сатҳи 9 моҳи пеш расидааст. Тибқи  маълумоти хабаргузории “Bloomberg”, аз оғози сол қурби драми Арманистон нисбати доллар 22%, лари Гурҷистон 16% ва сомонии Тоҷикистон 10% боло рафт.

Наталя Лаврова, мутахассиси гуруҳи молиявии БКС изҳор медорад, ки дар нимсолаи аввал ҳаҷми интиқоли маблағ ба Тоҷикистон на камтар аз 50% афзудаааст. Ба кишвар омадани шаҳрвандони Русия ба рушди иқтисод мусоидат намуд. Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, қурби расмии сомонӣ нисбати доллар аз оғози сол 9,7% (аз 11,3 сомонӣ барои 1 доллар дар рӯзи 1-уми январи соли 2022 то 10,2 сомонӣ дар рӯзи 21-уми декабр) боло рафтааст.

Ҷараёни беқурбшавии доллар нисбати сомониро мутахассисони маҳаллӣ на ба вуруди зиёди шаҳрвандони Русия ба Тоҷикистон, балки аз доллар ба рубл гузаштани савдои воридкунандагони маҳсулот аз Русия баъди ҷорӣ шудани таҳримҳо алайҳи ин кишвар аз ҷониби кишварҳои Ғарб иртибот медиҳанд.

Ҳоло ҳудуди аз се як ҳиссаи молу маҳсулот ба Тоҷикистон аз Русия оварда мешавад. Пештар хариду фурӯши маҳсулот байни кишварҳо бо доллар анҷом дода мешуд ва аз моҳи апрел бо рубл сурат мегирад. Қурби ин ё он асъор низ дар навбати аввал аз рӯи талабот ба он муайян карда мешавад. Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ба маблағи 4,7 млрд доллар молу маҳсулот ворид карда шудааст. Ҳиссаи воридот аз Русия 30% (зиёда аз 1,4 млрд доллар)-ро ташкил медиҳад.

Бозори истеъмолӣ дар чӣ ҳол?

Яке аз нишондиҳандаҳои пешрафти иқтисод бозори истеъмолӣ низ ҳаст. Дар соли равон ба мушоҳида расид, ки нархи маҳсулоти ғизоӣ дар бозорҳои Тоҷикистон калаванда буд. Яке онро ба қимати сӯзишворӣ рабт медоду дигаре камчинӣ ё воридот. Махсусан, якбора  гарон шудани нархи тухми мурғ нигарониро ба миён овард. Касе интизор надошт, ки қимати як қуттии тухм аз 45 сомонӣ ҳам мегузарад. Ҳол он ки, пеш аз ин як қуттӣ тухм аз 35 сомонӣ боло набуд.

Ба андешаи иқтисодшинос Нуриддин Қаюмов, Ҳукумати кишвар нархи 16 намуд маҳсулотро муайян кардааст, ки бояд мақомоти марбута назорат кунанд. “Аммо нархи маҳсулот гарон аст ва на ҳама имкони харид доранд. Маошу нафақа 15-20 фоиз зиёд мешавад, баробари таъсир ба нархи маҳсулот мерасад. Яъне, назорати ҷиддӣ нест”,- изҳори нигаронӣ кард номбурда. Вале ба назар мерасад, ки дар мавриди паст кардани нархи маҳсулот ва дигар намуди хизматрасонӣ то он даме, ки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон масъулинро ба ҷунбиш наоранд ва ҳушдор надиҳанд, парвое надоранд. Вақте ки Президенти мамлакат дар ростои болоравии нархи маҳсулот ва ё дигар мушкилот ба изтироб оянд, баъд дар пӯстини масъуле кайк медарояд.

Бо умеди фаровонӣ дар бозор ва рушди иқтисоди Тоҷикистон!

Соли нави 2023 муборак!

Усмон РАҲИМЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *