Булаҷабиҳо: Чаро пушти сари саховатмандонро мехорем?

Зиндагӣ аҷиб аст, баъзе одамон булаҷабанд. Яке, гўё бемории хоришак дорад, ба гумони сари бемағзу мисли биёбон беҳосили худ, пушти сари дигареро мехорад. Яке мисли саги ҳорӣ пойи касеро хойдан мехоҳад, аммо дандонҳояш кунданд. Давоми роҳи чунин бахилиҳо беохир аст ва лиҳозо, нафари ҳадаф қарор гирифта метавонад дилпур бошад ва аз ҷой як сари мўй наҷунбад.

Барои чӣ бо чунин ҷумлаҳои сард матлабро оғоз бахшидам? Ростӣ, чанд рўз қабл, вақте шоҳиди «чормағз шикастанҳо» дар сари бечора сокини шаҳри Тошканд Зиёда Латипова дар шабакаи интернет гардидам, зиёд таассуф хўрдам. Афсўс аз амали ин зани мардрафтор, ки ба хотири пешрафти ҷомеа ва кумаки андак ба мардумаш мақомоти маҳаллиро дастгирӣ кард, аммо дар вартаи дасисаву моҷарои чанд касиф дармонд. Гуноҳаш ин буда, ки ба ҳокимияти шаҳри Тошканд автомобили Mercedes-Benz S500 Hybrid тўҳфа кардааст. Шояд чанд муддат сар аз болои машғулиятҳояш набардоштаву асп барин кор карда ва ҳатто муҳити берун аз мавзеи корашро надида бошад, то пайсае барои беҳбуди зиндагиву амалисозии орзуҳояш ёбад. Пас, магар ин амали ў лоиқи ситоиш нест? Ё, хонандагони азиз, шумо фикр мекунед, ки чунин саховатмандиро ба хотири чеҳранамоӣ ва «ситора» вонамуд кардани худ бофтаву сохтааст? Агар ҳа, посухи каминаи камтарин ба шумо ин аст, ки «дар ҳар сурате набошад, ошаш шавад!». Зеро, дар ин замони «каҷ дору марез» на ҳар кас қодир аст берун аз риё ва манфиату хостаҳои худ ба касе чизе бидиҳад ва он ҳам бебозгашт. Дар ҳоле, ки аз бархе агар ҳатто қарз пурсӣ, ҷонашон аз бинияшон зада мебарояд.

Мавзӯи пешгузоштаамон воқеан актуаливу ҳассос аст. Мавзўест, ки аз чанд паҳлу ва бо равишҳои гуногуну ба назар гирифтани меъёрҳои виҷдону инсофу воқеият шарҳу тавзеҳ мехоҳад. Қазияи мошин тўҳфа кардани хонум Латипова хостгори дидгоҳи мунсифона аст. Шояд бисёриҳо гумон кунанд, ки дар подоши ин тўҳфа ў мехоҳад кадом як манфиати худро амалӣ созад. Шахсан ман мухолифи сарсахти ин андеша ҳастам. Агар бовар накунед, боре ба махзани ҷустуҷўии “Гугл” ворид шавед ва калимаи «саховатмандӣ»-ро ҳуруфчинӣ намоед. Худ шоҳид мегардед, ки дар қисми зиёди кишварҳо чунин саховатмандӣ роиҷ аст ва касе касеро барои ин амал накўҳиш намекунад. Баръакс, саховатмандон бояд рў-рўйи дасти одамон гарданд.

Аслан, қонунгузорӣ низ чунин тарзи фаъолиятро манъ накардааст. Дар ягон ҷойи дунё! Дар Тоҷикистони мо низ, ки боре дучори баҳсҳои тезутунд атрофи тӯҳфаву тӯҳфадиҳӣ ва тӯҳфагирӣ гардида буд. Директори Оҷонсии мубориза бо коррупсияи Ӯзбекистон Акмал Бурҳонов низ дар шарҳи қазияи Латипова гуфтааст, ки “то вақте ин чиз мутобиқи қонун манъ нест, мо наметавонем онро фасод гӯем”.

Барои ҳамин, шаф-шаф намегӯем. Пӯсткандаи гап ҳамин ки, вақте ба мақомот ва ба хотири рифоҳи мардум тӯҳфа мекунанд, қобили қабул аст.

Тӯҳфа ба мансабдорони алоҳида мавзӯи баҳси дигар аст!

Фазлиддин АСОЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *