Тафсилоти ба садамаи марговар дучор шудани Дамирбек Олимов (НАВ)
Тафсилоти ба садамаи марговар дучор шудани сарояндаи маҳбуб ва эстрадаи тоҷик Дамирбек Олимов дастраси сомонаи Pressa.tj дастрас гардид.
Акбар Шарифӣ, сухангӯи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд гуфт, ки ҳодиса шаби 5-уми феврал, соати 1:40 дақиқа дар роҳи мошингарди Боғи миллии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, маъруф ба шоҳроҳи Симғор-Хуҷанд рух додааст.
“Воситаи нақлиёт таҳти идораи Дамирбек Олимов тамғаи «Хонда», рақами қайди давлатиаш 98 39 РН 01 мебошад. Ӯ аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, аз роҳ берун мебарояд. Дар натиҷа мошин чаппа мегардад ва ронанда бо ҷароҳатҳои вазнин дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Дар дохили мошини дучори садама ғайр аз Дамирбек Олимов боз ду нафари дигар, яке Суҳроб Бердиев, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Хуҷанд ва Муқимҷон Юсупов, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров будаанд. Ин ҳарду ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ҳоло дар Беморхонаи марказии шаҳри Хуҷанд бистарӣ мебошанд”,- иттилоъ дод Акбар Шарифӣ.
Гуфта мешавад, ки Дамирбек Олимов 33 сол дошт ва зодаи ноҳияи Деваштич аст. Ӯ оиладор ва соҳиби се фарзанд мебошад. Дамирбек фаъолияти овозхонии худро аз соли 2009 оғоз намудааст.
Бино бар иттилои расида, ҷанозаи Дамирбек Олимов имрӯз, соати 16:00 дар зодгоҳаш баргузор мегардад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ