«Ранҷида»- и Дамирбеку Нигина «бомба»-и навбатӣ дар жанри мавригӣ

Сарояндаи машҳури тоҷик, овозхони ансанбли овозадори «Нури Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд Дамирбек Олимов субҳи имрӯз 26-уми июн дар суҳбат бо хабарнигори Tajikistan.times гуфт, ки сабти клипи дуэти навбатии онҳо бо Нигина Амонқуллова, дар жанри халқии «Мавригӣ» бо номи «Ранҷида» ба охир расид.

Ӯ гуфт:«Ин сеюмин дуэти мо бо хонум Нигина мебошад. Аз ин пештар мо ду дуэти дигар : « Ялалум» ва «Мавригӣ» хондем, ки ҳар ду низ аз ҷониби мухлисон хуш пазируфта шуд»

Ҷаноби Олимов дар идомаи суҳбат гуфт: «Айни замон бештари одамон дар хориҷи кишвар клип омода мекунанд, хусусан дуэтҳояшонро. Аммо мо бо хонум Нигина ҳар се клип- дуэтамонро дар дохили Ватани азизамон- Тоҷикистон сабт намудем, ки ҳам сифати клипҳо хубанд ва ҳам ин як нишонаи ифтихор аз сарзамини зебоямон аст. Бубинед, ки мо чӣ қадар мавзеҳои зебо дорем, агар клипмейкери хуб бошад, беҳтарин ва замонавитарин клип рӯйи навор хоҳад омад, ки дар таърих назираш шояд пайдо нашавад».

Дамирбек Олимов дар идомаи суҳбат ба суоли он ки ин клип дар кадом кишвар сабт хоҳад шуд, гуфт:

 «Шумо хуб медонед, ки жанри «Мавригӣ» аз қадимтарин жанри маъмули тоҷикӣ мебошад, ки бештар дар тарафи шимоли кишвар доман паҳн намуда буду, дар шаҳрҳои Хуҷанду Самарқанду Бухоро басо маъруф аст. Мутаассифона чандин солҳо шояд як аср бештар ин жанр ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буд. Хушбахтона 5 соли ахир ин жанр дубора эҳё гардид ва мо сарояндаҳо аз хазинаю бойгонии пурғановатамон оҳангҳои беҳтарини «Мавригӣ»-ро интихоб намуда метавонем иҷро намоем. Аз ҳама хубаш он аст, ки жанри «Мавригӣ» эҳтиёҷ ба такмилу  ба замона мувофиқ кардан надорад, чун он аз се- панҷ қисм иборат буда, ҳар қисмат навои худро дорад«.

 Ӯ изҳор дошт, ки клипи нав бо интихоби клипмейкер дар мавзеи «Икандаркӯл»-и Тоҷикистон сабт хоҳад шуд:

«Мавригӣ»-и навбатии мо суруди халқии «Ранҷида»-и мардуми Самарқанду Бухоро мебошад, ки дар бойгонии фолклории мо мақоми хосаеро дорад. Мавзеи клип «Искандаркӯл» аст.  Сенарияи клипро клипмейкери машҳури худамон Қурбон Бобоҷонов навишта аст, ки хеле олӣ аст. Бо хушнудӣ ба Шумо гуфтаниям, ки дирӯз сабти клипро ба охир расонидем ва он алакай дар  дасти монтажникҳо қарор дошта, дар ду- се рӯзи охир мумкин ба дасти мухлисон расад. Умед бар он мебандам, ки интизориҳои шумо дер давом накарда, аз он ки клипи моро мунтазир шудед, пушаймон нахоҳед гардид, чун клипи хубу диданиест».

Дамирбек Олимов соли 1989 дар ноҳияи Ғончӣ ба дунё омада, соли 2004 баъди хатми мактаби миёна  ба донишкадаи санъати ба номи Содирхоҷа ҳофизи шаҳри Хуҷанд шомил гардида, онро соли 2009 хатм намуда, худи ҳамон сол шомили ансанбли шашмақомхонони «Нури Хуҷанд»-и Хуҷанд мегардад. Баъди як сол тариқи кастинг шомили ансанбли эстрадии «Садои Суғд» мешавад. Айни замон дар ҳар ду гурӯҳ низ фаолияти овозхонияшро такмил дода медиҳад. Суруде, ки Дамирбекро ба мухлисон шинос намуда буд, «Зулфони майда дорӣ» мебошад, ки соли 2009 дар толори Кохи Борбад садо додааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *