Собиқ роҳбари корхонаи қаннодӣ дастгир шуд

Раҳбари пешини корхонаи қаннодии «Меншевик»-и Маскав Иля Авреянов, ки рӯзи гузашта як нафарро дар қаламрави корхона ба ҳалокат расонд ва се тани дигарро захмӣ кард, аз ҷониби пулис боздошт шуд.

Ба гуфтаи Кумитаи тафтишоти Русия молики пешини «Меншевик» Аверянов субҳи 27 декабр дар пайи баҳс бо раҳбарони нави ин корхона аз силоҳ оташ кушод.

Ба думболи ин раҳбари пешини «Меншевик» ба Радиои Besiness.FM занг зад ва гуфт, дар муқобили «банда»-е, ки якҷо бо додситонҳои Маскав бизнеси ӯро ғасб карданд, аз худ дифоъ намуд. «Онҳо маро муфлис карданд»,- гуфт Иля Аверянов.

Авреянов ба Besiness.FM гуфт, ки падари 8 фарзанд аст ва ӯро ғайриқонунӣ аз бизнес дур карданд.

Ба думболи ҳодиса сарбозони «Росгвардия» бинои корхонаи қаннодиро иҳота карданд, аммо ба гуфтаи матбуот Аверянов тавонист аз ҷойи ҳодиса фирор кунад.

Субҳи 28 декабр хабаргузории ТАСС бо такя ба Вазорати дохилии Русия гуфт, ки Иля Аверянов дар Маскав боздошт шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *