Душанбе: Мушакпаронии идона аз панҷ макон сурат мегирад

Тавре қаблан хабар дода будем,  31 декабр  аз соати  20:00 то 22:00  дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт   шоу-барномаи солинавӣ баргузор мегардад. Ҳамзамон дар ин рӯз  дар  чор ноҳияи  пойтахт, аз ҷумла, дар «Майдони 800-солагии Москва»,   Амфитеатри «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ»,  хиёбони Сино, назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон  ва  Сирки давлатии Тоҷикистон, ки   арчаҳои идона гузошта шудаанд,  барномаҳои фарҳангию фароғатӣ бо иштироки  ҳофизону ҳаҷвнигорони маъруфи  мамлакат баргузор мегарданд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Душанбе хабар доданд, баъди анҷоми барномаҳои  фарҳангӣ  дар 5 макони баргузории барномаҳои солинавӣ ба муддати 4 дақиқа  мушакҳои ранга  паронда мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *