Сохтмони 560 иншооти гуногун дар ноҳияи Ёвон
Дар ноҳияи Ёвон ба хотири истиқболи шоиста аз 35 — солагии Истиқлоли давлатии кишвар сохтмони беш аз 560 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст.
Бахтиёр Шарифӣ, раиси ноҳияи Ёвон 7 августи соли ҷорӣ дар нишасти хабарӣ гуфт, ки аллакай 180 иншоот сохта ба истифода дода шуд.
Ба таъкиди вай, дар боқимонда иншооти ба нақшагирифта корҳои сохтмонӣ бо маром идома дорад.
«Аз соли 2022 то имрӯз, 183 иншооти таъиноти гуногун ба истифода дода шуд. Дар соли 2022-ум 46 иншоот, соли 2023-ум 85 бино ва дар шаш моҳи аввали соли 2024-ум 49 иншоот сохта ба истифода дода шуд. Биқомнда иншооти банақшагирифта то вақти муайяншуда сохта мешаванд»,-гуфт раис.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ