Сокини Тоҷикистонро дар Қазоқистон бо марихуана дастгир карданд

— Дар вилояти Туркистони Қазоқистон як шаҳрванди Тоҷикистонро ҳангоми кӯшиши ворид намудани маводи мухаддир боздошт карданд,- хабар медиҳад хадамоти ҳифзи сарҳадоти КДАМ.

Гуфта шудааст, ки ин мард маводи мухаддирро тавассути сарҳади давлатӣ аз Ӯзбекистон ба Қазоқистон интиқол додан мехост.

Манбаъ мегӯяд, ки “дар гузаргоҳи Жибек Жолии ноҳияи Сариағаши вилояти Туркистон як саги хидматӣ ба як шаҳрванди хориҷӣ, ки мехост аз марз убур кунад, вокуниш нишон додааст”.

Кормандони КДАМ баъд аз боздошт маълум кардаанд, ки мард шаҳрванди Тоҷикистон аст ва аз ҷайби куртаи ӯ бастае ёфт шудааст, ки дар он маводи мухаддири навъи марихуана будааст.

Нисбати боздоштшуда парванда боз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *