Ҳиндустон аз ҷиҳати аҳолӣ аз Чин пеш гузашт

— Ҳиндустон аз Чин пеш гузашта, ба сераҳолитарин кишвари ҷаҳон табдил ёфт,- менависад MarketWatch бо истинод ба таҳлилу пешгӯиҳои СММ.

Тибқи маълумоти созмони мустақили World Population Review, то 17-уми апрел дар ин кишвар 1 миллиарду 425 миллиону 937 ҳазору 441 нафар зиндагӣ мекунанд, дар ҳоле ки шаҳрвандони Чин 1 миллиарду 425 миллиону 744 ҳазору 8 нафар мебошанд.

MarketWatch қайд мекунад, ки Ҳиндустон на танҳо аз рӯи миқдор, балки аз рӯи таркиби аҳолӣ низ дорои потенсиали бузурги иқтисодӣ мебошад. Дар кишвар ба ҳар 100 нафар аҳолии қобили меҳнат 47 нафар маъюб рост меояд, ки 25 сол пеш 6 нишондиҳанда 68 нафар буд. То соли 2048 ин таносуб ба 45 нафар коҳиш ёфта, кишвар дар феҳристи давлатҳои дорои арзишҳои пасттарини ин нишондиҳанда аз мақоми 43-юм ба 23-юм мебарояд. Нашрия инро бартарии бузурги Ҳиндустон номидааст.

Дар Чмн ба ҳар 100 нафари қобили меҳнат 45 маъюб рост меояд (ҷойи 30-юм), аммо пас аз 25 сол ин рақам ба 68 нафар (ҷойи 146-ум) мерасад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *