Баргузории ҳамоиши «Тоҷикистон — ташаббусҳои глобалӣ дар соҳаи об»

Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш дар мавзуи «Тоҷикистон — ташаббусҳои глобалӣ дар соҳаи об» баргузор гардид. Дар ин бора портали расмии парлумон хабар дод.

Дар ҳамоиш роҳбарияти вазоратҳои корҳои хориҷӣ, энергетика ва захираҳои об, фиристодаи вижаи Президенти Тоҷикистон дар Эътилофи обу иқлим, раиси Кумитаи Иҷроияи Бунёди Байналмилалии Наҷоти Арал иштирок карданд.

Ҳамоишро раиси МН МО Маҳмадтоир Зокирзода ҳусни оғоз бахшида, иброз намуд, ки нақши Пешвои миллат дар ҳалли буҳронҳои ҷаҳонии обу иқлим басо муассир аст.

Сипас, аз рӯи масъалаи мазкур раиси Кумитаи МН МО оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Фаттоҳзода Саидмурод, муовини вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода, вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа, Фиристодаи вижаи Президенти ҶТ дар Эътилофи обу иқлим, раиси Кумитаи Иҷроияи Бунёди Байналмилалии Наҷоти Арал Раҳимзода Султон, раиси Кумитаи МН МО оид ба маъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Латифзода Рустам роҷеъ ба раванди ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об маълумоти муфассал доданд.

Ҳамчунин дар ҳамоиш таъкид ба он карда шуд, ки натиҷаи чорабинӣ ва қабули тавсияҳо пеш аз ҳама ба таҳкими ҳамкориҳо байни Мақоми Олии қонунгузор бо вазорату идораҳои марбута, муассисаву марказҳои гуногуни илмии кишвар ва коршиносону олимони соҳа заминаи воқеӣ гузошта, ба раванди амалишавии ташаббусҳои глобалии Тоҷикистони азиз марбут ба ҳалли масоили об мусоидат менамояд.

Дар фарҷоми ҳамоиш аз рӯи масъалаи баррасишуда бо назардошти таклифу эродҳое, ки дар маърӯзаву баромадҳо қайд гардиданд, қарор ва тавсияҳои дахлдор қабул шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *