Муаллимҷанг дар як мактаби Сурхондарё (видео)

Рӯзи сешанбе дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеое паҳн шуд, ки тибқи он дар як мактаби ноҳияи Узуни вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон як омӯзгор ду ҳамкасби худро латукӯб кардааст. Прокуратураи генералӣ ва Вазорати маорифи томактабӣ ва мактабии Ӯзбекистон ба таҳқиқ шуруъ кардаанд.

Дар видео дида мешавад, ки ду мард ва ҳафт зан ҷаласа доштанд. Марди кӯлоҳкабуд ба сӯи зани рӯймолсафед китобро партофта, баъд ба назди ӯ омада, ба рӯи вай мушт мезанад ва боиси афтоданаш мегардад.

Марди дигар ҳамлагарро аз ҳуҷра берун мекунад, ба зан кумак мерасонад, то аз ҷой бархезад. Марди аввал бармегардад ва ба рӯйи муаллимаи дигар корд мезанад, ки ӯ низ ба пушт меафтад. Баъд ба тарафи ҷабрдидаи аввал равон шуда, боз ба сари ӯ мезанад.

Ӯро боз аз бино берун мекунанд, вале бармегардад ва ба зан дод мезанад ва боз ӯро лагадкӯб мекунад, ки вай ба фарш меафтад.

Аз садои паси кадр шунида мешавад, ки ин мард баъди огаҳ шуданаш дар бораи мавҷудияти дурбини назоратӣ дар ҳуҷра латукӯби занонро бас кардааст.

Дафтари матбуоти Вазорати маорифи томактабӣ ва мактабҳои Ӯзбекистон хабар дод, ки вазъиятро таҳқиқ мекунад.

Баъдан дафтари матбуоти Прокуратураи генералӣ хабар дод, ки ҳодиса рӯзи 14-уми апрел тахминан соати 12:00 рух додааст. Як омӯзгори 34-сола ҳангоми ҷаласа дар утоқи директор ду ҳамкасбашро захмӣ кардааст.

Рӯзи 18-уми апрел пас аз пайдо шудани ин навор алайҳи ин ҳодиса бар асоси Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст. Гумонбаршуда дастгир карда шуда, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *