Ба омӯзгорони Хатлон барои сохтмони манзил замин ҷудо мекунанд

— 100 нафар омӯзгорони ноҳияи Дӯстӣ шаҳодатномаи замин барои сохтмони манзил хоҳанд гирифт,- хабар медиҳад бахши маорифи ноҳия.

Аллакай 12 нафар омӯзгорони ҷавони Хатлон қитъаи заминро барои сохтмони манзил дарёфт кардаанд.

Пештар штати шуъбаи маориф пурра гардида, дар муассисаҳои таълимии маҳаллӣ қариб 40 нафар омӯзгорон ба кор таъмин гардиданд. Ҳамаи онҳо бо манзили муваққатӣ ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ барои сохтмон таъмин карда шуданд.

Мувофиқи нақша садҳо нафар муаллимон бояд то cap шудани соли таҳсили нав шаҳодатномаҳояшонро гиранд.

Ҳамчунин дар назар аст, ки то соли 2027 дар вилояти Хатлон 350 муассисаи нави таълимӣ бунёд карда шуда, барои онҳо аллакай 2 миллиарду 200 миллион сомонӣ ҷудо шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *