УФС

Дар UFC 287 кӣ аз ҳама пули зиёд кор кард?

Тавре хабар дорем, мусобиқаи деринтизори UFC 287 доир гашт, ки муҳорибаи асосии он рақобати Исраэл Адесаня ва Алекс Перейра буд ва Адесаня тариқи нокаут ғолибият ба даст овард.

Яке аз муҳимияти шавқовари чунин мусобиқот донистани гонорари варзишгарон мебошад. Мо ҳоло гонорари муҳорибаҳои асосии мусобиқаи мазкурро мегӯем.

Исраэл Адесаня – $ 3,18 млн, Алекс Перейра – $ 1,24 млн, Хорхе Масвидал – $ 1,02 млн, Гилберт Бернс – $ 1,01 млн, Келвин Гастелум – $ 465 ҳазор, Роб Фонт – $ 375 ҳазор, Кевин Холланд – $ 315 ҳазор ва Сантяго Понсиниббио – $ 220 ҳазор гонорар гирифтаанд.

Ёдовар мешавем, ки Исраэл Адесаня баробари ғолиб омадан ба Алекс Перейра камарбанди чемпиониро дар вазни миёна дигарбора ба даст овард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *