Дар Қазоқистон норасоии духтуру омӯзгор вуҷуд дорад

— Норасоии кадрҳои омӯзгорӣ дар Қазоқистон ҳудуди 4 ҳазор нафар ва норасоии кадрҳои тиббӣ ҳудуди 8 ҳазор нафарро ташкил медиҳад,- гуфт муовини сарвазири Қазоқистон Олтой Кулгинов дар ҷаласаи ҳукумат. Дар ин бора “Информбюро” хабар медиҳад.

Бино ба гузориши Олтой Кулгинов, дар Қазоқистон ҳанӯз ҳам дар соҳаҳои тандурустӣ ва маориф мушкилот вуҷуд дорад. 45% муассисаҳои тиббӣ фарсуда шуда, дар онҳо таҷҳизот намерасад. Дар соҳаи маориф низ вазъият чунин аст: дар мактабҳо омӯзгорон намерасанд ва дастрасии нобаробар ба дастгоҳҳои рақамӣ боқӣ мемонад. Дар кишвар 3000 мактаб мавҷуд аст, ки суръати пайвастшавӣ ба интернет аз 4 Мбит/с зиёд нест.

«Ҳамин тариқ, нарасидани ҷойи хонандагон 270 ҳазор, шумораи мактабҳои себастӣ 143, мактабҳои садамавӣ 52, зиёда аз 300 мактаби чӯбин ҳаст”,- гуфт Олтой Кулгинов.

«Аз ҷиҳати сифати дониш вилоятҳои Мағистау, Атирау, Қизилӯрда, Туркистон ва Алмаато дар сатҳи паст қарор доранд»,- қайд кард муовини сарвазир.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *