Сора Дасторон — Эрон
Дилтангӣ
Ва ин дарди каме нест,
Ки пушти ҳеҷ хати телефоне,
Садои ту нест…!.
***
Моҳи нотамом
Шак надорам,
Моҳро.
Дилтангии ман,
Комил карда аст.
***
Дигардисӣ…
Ту,
Ранг медиҳӣ,
Ба либосе, ки мепўшӣ.
Бў медиҳӣ,
Ба атре, ки мезанӣ.
Маъно медиҳӣ,
Ба калимаҳои берабте,
Ки шеърҳои ман мешаванд…
***
Нома
Чӣ қадар дилам мехоҳад нома бинвисам,
Тамбуру покет ҳам ҳаст.
Ва як олама ҳарф,
Кош касе ҷое мунтазирам буд…
***
Андўҳ…
Дилтангӣ,
Номи дигари ин рўзҳост.
Вақте,
Аз ин ҳама раҳгузар,
Яке,
Ту нестӣ.
***
Яъс…
Ин рўзҳо,
Ҳолу ҳавои хубе дорам.
Субҳҳо,
Санҷобе аз дару девори дилам боло меравад.
Шабҳо,
Делфинҳо дар хобҳоям шино мекунанд.
Ин рўзҳо ҳолу ҳавои хубе дорам,
Аммо ман ба поёни чизҳои хуб машкукам.
Аз санҷобам пўсти гирдуе монда бошад,
Делфинҳо дар хобҳоям худкушӣ карда бошанд.
***
Ҳар рўз ғарқ мешавам…
Ҳар рўз,
Ғарқ мешавам.
Дар ин шаҳри бе дарё,
Ва шаб,
Худамро боло мекашам,
Рўйи тахти хоб.
Бо садафҳое дар дастам,
Ва тиккаҳои тур,
Часпида ба танам.
***
Паранда
Ишқи ту,
Парандае буд.
Ки ҷойи яке аз оҷурҳои девор,
Лона кард.
Деворе аст ишқи ту,
Так-таки оҷурҳояш,
Паранда.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ